Собиқ пулиси афғон дар Душанбе гуруснанишинӣ эълон кард

            Душанбе. 28-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Шаҳрванди Афғонистон, ки чун гуреза дар Тоҷикистон қарор дорад, дар назди бинои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар пойтахти Тоҷикистон гуруснанишинӣ эълон кард.             Ба қавли Муҳаммад Вазир, ки ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» худро чун собиқ афсари идораи пулиси Вазорати умури дохилии Афғонистон муаррифӣ кард, кормандони дафтари […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 28-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Шаҳрванди Афғонистон, ки чун гуреза дар Тоҷикистон қарор дорад, дар назди бинои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар пойтахти Тоҷикистон гуруснанишинӣ эълон кард.





           

Ба қавли Муҳаммад Вазир, ки ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» худро чун собиқ афсари идораи пулиси Вазорати умури дохилии Афғонистон муаррифӣ кард, кормандони дафтари Идораи комисариати олии СММ




 





 

оид ба кор бо гурезагон (UNHСR)дар шаҳри Душанбе ба тақдири оилаи ӯ таваҷҷӯҳи зарурӣ зоҳир намесозанд ва ба нишони эътироз ӯ ба чунин амал даст задаст.




           

Номбурда дар идомаи сӯҳбат чунин баён дошт: «Ҳагоми кор дар Афғонистон бо мусоидати ман се маротиба роҳбари яке аз гурӯҳҳои террористӣ боздошт гардид, вале бо дахолати хешовандонаш ӯ ҳар се дафъа ҳам аз муҷозот эмин монд. Пас аз озод шудан аз маҳбас ӯ ҳамеша ба ман ва оилаам таҳдид мекард ва мо маҷбур шудем, ки баҳори соли равон ба Тоҷикистон гуреза шавем».




           

Ба қавли собиқ афсари пулис, ӯ якчанд маротиба аз сохторҳои СММ, аз ҷумла UNHСR дархост кардааст, ки ба рафтани ӯ ва оилааш ба кишвари саввум мусоидат намоянд, зеро дар Тоҷикистон ҳам қарор доштани ӯ бехавф набудааст. «Вале мансабдорони СММ ба ҷойи мусоидат, ба ман гуфтанд, ки аз раҳбарияти Тоҷикистон дархост хоҳанд кард, ки маро бозпас ба Афғонистон фиристанд», – гуфт ӯ.




           

Ӯ таъкид сохт, ки айни замон бекор аст ва зану фарзанадонаш беморанд. Муҳаммад Вазир афзуд, ки то замони дар назди қонунгузории байнулмилалӣ ҷавоб гуфтани кормандони раёсати СММ гуруснанишинӣ хоҳад кард. «Субҳи имрӯз кормандони UNHСR ба назди ман омада, дархост карданд, ки ба гуруснанишинӣ хотима диҳам ва сипас онҳо масъалаи маро баррасӣ мекунанд, – идома дод ӯ. – Вале ман ба ваъдаҳои онҳо бовар надорам, зеро тӯли ним сол аст, ки онҳо танҳо ваъда медиҳанду халос».




           

Ба ҳукуматдорони Тоҷикистон Муҳаммад Вазир ҳеҷ даъвое надорад. Гузашта аз ин, барои ба оилаи ӯ додани мақоми гуреза аз раҳбарияти ҷумҳурӣ миннатдор аст.




           

Дар шарҳи қазияи мазкур роҳбари дафтари Идораи комиссариати олии СММ оид ба кор бо гурезагон дар шаҳри Душанбе Иля Тодорович изҳор дошт, ки ӯ бо Муҳаммад Вазир дирӯз мулоқот карда, ба ӯ ва оилааш кӯмаки молӣ ва тиббӣ ваъда кардааст, вале ӯ аз он даст кашидааст. «Ба ҳар ҳол, ба ман муясаар гашт, ки ӯро розӣ кунам то фарзандонашро ба хона барад», – гуфт ӯ.



Ба қавли И.Тодорович, мувофиқи тартиботи ҷорӣ дар СММ, онҳо имкон надоранд, ки дарҳол дар рӯзи дуввуми муроҷиат ба гурезагон кӯмак расонанд. «Вале мо мувофиқи имконоти мавҷуда ва дар чаҳорчӯбаи барномаҳои СММ, кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, ки ба мушкилоти Муҳаммад Вазир ва оилаи ӯ расидагӣ кунем», – афзуд ӯ.

 




Роҳбари дафтари Идораи комиссариати олии СММ оид ба кор бо гурезагон дар шаҳри Душанбе афзуд, ки дар зарфи 9 моҳи соли равон ба ин идораи СММ 1001 нафар гурезагон муроҷиат кардаанд, ки 99 дарсади онҳоро шаҳрвандони Афғонистон ташкил медиҳанд ва ин шумор дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта қариб ду баробар бештар аст.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.