«Регар-ТадАЗ» мустақиман дар даври гурӯҳии мусобиқоти Ҷоми КФО-2013

Date:


Дорандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти лигаи олии футболи Тоҷикистон – дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода мустақиман ба давраи гурӯҳии мусобиқоти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё роҳхат гирифт.

Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мактуби расмии КФО ба ФФТ зикр шудааст, ки дорандаи Ҷоми футболи давлати Баҳрайн – дастаи «Муҳаррак» аз иштирок дар давраи гурӯҳии мусобиқоти Ҷоми КФО-2013 даст кашида, дар ин робита, дастаи «Регар-ТадАЗ» дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои «Сафо» (Лубнон), «Риффа» (Баҳрайн) ва ғолиби Ҷоми КФО  – тими «Қувайт» (Қувайт) қувваозмоӣ хоҳад кард.

Барои роҳ ёфтан ба даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2013 дастаи «Регар-ТадАЗ» мебоист дар даври интихобӣ бо ғолиби вохӯрии дастаҳои «Ал-Ваҳда» (Сурия) ва «Ал-Аҳли Тайиз» (Яман) вохӯрӣ анҷом дода, дар сурати пирӯзӣ ба даври гурӯҳӣ роҳхат мегирифт.

Ёдрас мекунем, ки ғолиби лигаи олии футболи Тоҷикистон – дастаи «Равшан»-и Кӯлоб низ дар ин мусобиқот иштирок мекунад. Дар гурӯҳи «D» ҳарифони «Равшан» тимҳои «Ал-Қадисия» (Қувайт), «Ал-Рамта» (Урдун) ва «Ал-Шорта» (Сурия) мебошанд.

Мусобиқоти даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2013 аввали моҳи марти соли оянда оғоз гардида, ахири моҳи май ба анҷом мерасанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...