Дар мактуби расмии нашршудаи ҶСП «Фароз» зикр мегардад, ки Умаралӣ Қувватови имрӯзҳо мавриди таваҷҷуҳи зиёди матбуот қарордошта ба ширкати «Фароз» ва сохтори он ҳеҷ муносибате надорад.
«Ӯ дар сохторҳои ширкат ҳеҷ мансабе надошту имрӯз ҳам надорад ва аз афроди муассисони он маҳсуб намеёбад, – зикр мегардад дар мактуб. – Ҳуҷҷатҳои мавҷуда дар ширкат гувоҳи онанд ва дар онҳо ному насбати Умаралӣ Қувватов зикр нагардидааст».
Дар мактуб гуфта мешавад, тамоми маълумоти зарурӣ дар бораи ширкат дар Вазорати адлияву Кумитаи андоз мавҷуданд ва зимни шиносӣ бо онҳо метавон ба гуфтаҳои боло боварӣ ҳосил намуд.
Бо вуҷуди ин, худи Умаралӣ Қувватов дар конфронсҳои матбуотии соли гузашта изҳор карда буд, ки мудири кулли ширкати «Фароз» аст, ки ба транзити маҳсулоти нафтӣ ба Афғонистон тариқи қаламрави Тоҷикистон машғул мебошад. Он замон ӯ аз тарофаҳои трназитии беҳад баланди КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» изҳори норозигӣ карда буд.
Бино ба маълумоти islamnews.tj, ду сол қабл чанде аз тоҷирону сиёсатмадорон ва иқтисодчиёну ҷомеашиносони Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки ба як гурӯҳи ҳамфикрон муттаҳид шуда, баҳри беҳбуди вазъи кишвар на каму на зиёд ба ивази ҳокимияти кунунии Эмомалӣ Раҳмон даст бизананд. Онҳо дар бораи таъсиси иттиҳодияи сиёсии мухолифини ҳуккумати Тоҷикистон – «Гурӯҳи 24» эълом доштанд, ки онро Умаралӣ Қувватов сарварӣ мекунад.





