Стипендияи номии БМТ барои донишҷӯёни макотиби олӣ

ASIA-Plus


Бонки миллии Тоҷикистон барои донишҷӯёни макотиби олии ҷумҳурӣ стипендияҳои номӣ таъсис дод.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, стипендияи номӣ ба донишҷӯёни солҳои 3 то 5 таҳсилоти рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ихтисосҳои “бонкдорӣ” ва “технологияҳои иттилоотӣ”), ки дар давоми хониш танҳо бо баҳои “аъло” таҳсил карда, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд, дар чорабиниҳои илмӣ ва семинарҳо ширкат ва баромад намуда ба муваффақиятҳои назаррас ноил шудаанд, таъин карда мешавад. Довталабон, донишҷӯён бояд шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд.

Дар ҳолати набудани довталабон аз як сол (курс), меъёри ҷудогардидаи стипендия метавонад ба донишҷӯёни солҳои дигар, ки дар он ҷо шумораи довталабони зарурӣ зиёданд, дода шавад.

Стипендияи номӣ фақат барои як семестри хониш таъин карда мешавад. Донишҷӯе, ки як семестр стипендияи номӣ гирифтааст, метавонад дар семестри дуюм низ ин гуна стипендияро бе иштирок дар Озмун соҳиб шавад, агар ба ҳамаи талаботҳо ҷавобгӯ бошад. Донишҷӯёне, ки як сол стипендияи номӣ гирифтаанд, метавонанд такроран дар озмуни соли дигар иштирок кунанд.

Агар донишҷӯ дар семестри ояндаи баъд аз таъини стипендияи номӣ баҳои ғайри ”аъло“ гирад, аз гирифтани стипендияи номӣ маҳрум мешавад. Дар ин ҳолат роҳбарияти муассисаи таълимоти олӣ бояд ба Бонки миллии Тоҷикистон дар муҳлати 10 рӯз маълумот диҳад.

Интихоби довталабон барои гирифтани стипендияи номиро комиссияи санҷишии БМТ амалӣ менамояд. Довталабон барои иштирок дар озмунро маъмурияти макотиби олӣ пешниҳод мекунанд.

Маблағи стипендияи номӣ барои ҳар як донишҷӯи дар озмун ғолибомада 200 сомонӣ дар як моҳро ташкил медиҳад. Бонки миллии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 5 стипендияи номӣ таъин мекунад. Ҳар соли хониш барои донишҷӯёни соли сеюм – як стипендия, соли чорум – ду стипендия ва соли панҷум – ду стипендия ҷудо карда мешавад.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...