Стипендияи номии БМТ барои донишҷӯёни макотиби олӣ

Бонки миллии Тоҷикистон барои донишҷӯёни макотиби олии ҷумҳурӣ стипендияҳои номӣ таъсис дод. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, стипендияи номӣ ба донишҷӯёни солҳои 3 то 5 таҳсилоти рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ихтисосҳои “бонкдорӣ” ва “технологияҳои иттилоотӣ”), ки дар давоми хониш танҳо бо баҳои “аъло” таҳсил карда, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд, дар […]

ASIA-Plus


Бонки миллии Тоҷикистон барои донишҷӯёни макотиби олии ҷумҳурӣ стипендияҳои номӣ таъсис дод.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, стипендияи номӣ ба донишҷӯёни солҳои 3 то 5 таҳсилоти рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ихтисосҳои “бонкдорӣ” ва “технологияҳои иттилоотӣ”), ки дар давоми хониш танҳо бо баҳои “аъло” таҳсил карда, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд, дар чорабиниҳои илмӣ ва семинарҳо ширкат ва баромад намуда ба муваффақиятҳои назаррас ноил шудаанд, таъин карда мешавад. Довталабон, донишҷӯён бояд шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд.

Дар ҳолати набудани довталабон аз як сол (курс), меъёри ҷудогардидаи стипендия метавонад ба донишҷӯёни солҳои дигар, ки дар он ҷо шумораи довталабони зарурӣ зиёданд, дода шавад.

Стипендияи номӣ фақат барои як семестри хониш таъин карда мешавад. Донишҷӯе, ки як семестр стипендияи номӣ гирифтааст, метавонад дар семестри дуюм низ ин гуна стипендияро бе иштирок дар Озмун соҳиб шавад, агар ба ҳамаи талаботҳо ҷавобгӯ бошад. Донишҷӯёне, ки як сол стипендияи номӣ гирифтаанд, метавонанд такроран дар озмуни соли дигар иштирок кунанд.

Агар донишҷӯ дар семестри ояндаи баъд аз таъини стипендияи номӣ баҳои ғайри ”аъло“ гирад, аз гирифтани стипендияи номӣ маҳрум мешавад. Дар ин ҳолат роҳбарияти муассисаи таълимоти олӣ бояд ба Бонки миллии Тоҷикистон дар муҳлати 10 рӯз маълумот диҳад.

Интихоби довталабон барои гирифтани стипендияи номиро комиссияи санҷишии БМТ амалӣ менамояд. Довталабон барои иштирок дар озмунро маъмурияти макотиби олӣ пешниҳод мекунанд.

Маблағи стипендияи номӣ барои ҳар як донишҷӯи дар озмун ғолибомада 200 сомонӣ дар як моҳро ташкил медиҳад. Бонки миллии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 5 стипендияи номӣ таъин мекунад. Ҳар соли хониш барои донишҷӯёни соли сеюм – як стипендия, соли чорум – ду стипендия ва соли панҷум – ду стипендия ҷудо карда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.