Лоиҳаи қонун «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» дар баррасии Шӯрои парлумон

Имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ таҳти раёсати раиси МН МО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров лоиҳаи қонун «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони кишвар, зимни шарҳу тавзеҳи лоиҳаи қонуни мазкур раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва тандурустии МН МО ҶТ […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ таҳти раёсати раиси МН МО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров лоиҳаи қонун «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони кишвар, зимни шарҳу тавзеҳи лоиҳаи қонуни мазкур раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва тандурустии МН МО ҶТ Хайринисо Юсуфӣ зикр кард, ки қонуни мазкур бо назардошти ҷараёни амалисозии сиёсати давлатӣ дар бахши рафъи зуҳуроти зӯроварӣ дар оила таҳия шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи Шӯрои парлумон ҳамчунин лоиҳаи қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», масъалаҳои ворид намудани тағйироту илова бо қонунҳои ҶТ «Дар бораи Маҷлиси Олии ҶТ», «Дар бораи мақомоти ҳокимияти давлатӣ», «Дар бораи буҷети давлатии ҶТ барои соли 2012» ва дигар масоили рӯзмарра баррасӣ шуданд.

Тамоми масоили аз ҷониби Шӯро баррасишуда ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум, ки рӯзи 12-уми декабр баргузор мегардад, ворид шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.