Ш.Самиев: Агрегати саввуми нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» аввали моҳи ноябр мавриди истифода қарор мегирад

Душанбе. 28-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нишасти матбуотӣ раиси ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиев изҳор дошт, ки маросими расмии мавриди истифода қарор гирифтани агрегати саввуми нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» рӯзҳои 5-6-уми ноябр доир мегардад. Ба гуфтаи ӯ, бо мавриди истифода қарор гирифтани агрегати саввуми нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ва оғози воридоти барқи Туркманистон ба ҷумҳурӣ […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 28-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нишасти матбуотӣ раиси ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиев изҳор дошт, ки маросими расмии мавриди истифода қарор гирифтани агрегати саввуми нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» рӯзҳои 5-6-уми ноябр доир мегардад.




Ба гуфтаи ӯ, бо мавриди истифода қарор гирифтани агрегати саввуми нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ва оғози воридоти барқи Туркманистон ба ҷумҳурӣ аз 1-уми ноябр ҳаҷми интиқоли барқ ба минтақаҳои кишвар афзуда мешавад. «Аз ин ба баъд аҳолии минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳамарӯза ду соат бештар – 4 соат субҳ ва 4 соат шом бо барқ таъмин карда хоҳанд шуд», – гуфт ӯ.



Раиси ширкат ҳамчунин зикр кард, ки аз замони ҷорӣ сохтани маҳдудияти истифодаи барқ сатҳи оби обанбори нерӯгоҳи «Норак»


3,5 метр

боло рафтааст. Ба қавли ӯ, феълан мизони об дар сатҳи

5 метру


16 сантиметр

поинтар аз сатҳи зарурии захираи об қарор дорад ва «чунин вазъ қабалн боре ҳам ба мушоҳида нарасидааст».



Ёдрас мекунем, ки агрегати аввали нерӯгоҳ 20 январи соли ҷорӣ ва дуввум моҳи июли соли ҷорӣ ба кор даромад. Айни ҳол агрегатҳо бо иқтидори 150 то 200 мегават дар як шабонарӯз кор мекунанд.



Нерӯгоҳи обию барқии «Сангтӯда-1» бо ғунҷоиши 670 МВт дар 100 километрии ҷануби шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Лоиҳаро ба таври муштарак Тоҷикистону Русия амалӣ месозанд. Мувофиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия 75%-и саҳмияҳои нерӯгоҳ ба Русия ва 25%-и он ба Тоҷикистон тааллуқ доранд.



Маблағи умумии сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» 720 млн. доллари амрикоӣ буда, сармоягузории ҷониби Русия аз сарчашмаҳои гуногун 450 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳанд. Маблағи сармоягузории собиқ ширкати РАО «ЕЭС»-и Русия ба $127,5 млн. баробар буда, саҳми Тоҷикистон 121 млн. доллари амрикоӣ аст.



Татбиқи лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бузургтарин лоиҳа бо иштироки Русия арзёбӣ мешавад. Мавриди истифода қарор гирифтани он ба беҳбуди таъмини бозори дохилии ҷумҳурӣ бо барқ ва танзими ҳамарӯзаи ҷоришавии оби рӯдхонаи Вахш мусоидат хоҳад кард.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар семоҳаи аввали соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон ба андозаи 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.