Кӯлоб: Дастрасии беш аз 300 нафар занон ба тухмии ройгон

Турко Дикаев


Дар 7 маҳаллаи аҳолинишини ноҳияи Кӯлоб тақсими ройгони тухмии зироатҳои кишоварзӣ ба занони дорои қитъаи замин оғоз гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шуъбаи иқтисоди мақомоти шаҳрдории Кӯлоб Абдураззоқ Хоҷамқулов хабар дод,тавассути ҷамоатҳо ба занон асосан тухмии зарурии маҳсулоти кишоварзӣ аз қабили картошкаву гандум тақсим карда мешавад.

«Дар чанде аз деҳаҳо, ки қитъаҳои замини инфиродӣ дар масофаҳои дур ҷойгир шудаанд, бо хоҷагиҳои деҳқонӣ бобати ба гурӯҳи занон ҷудо намудани заминҳои яклухт ба андозаи 1-2 гектар мувофиқа ҳосил шуд», – гуфт ӯ.

Ба қавли вай, ҷалби занони фаъол ба кор дар замин дар ду ноҳияи дигар – 7 деҳаи ноҳияи Восеъ ва 6 деҳаи ноҳияи Мӯъминобод низ оғоз гардидааст. «Як қисмати муайяни ҳосил ба ҷамоатҳо дода шуда, дар навбати худ онҳо соли оянда гурӯҳҳои дигари занонро ба дастрасӣ ба замину тухмии ройгони хушсифат таъмин мекунанд», – афзуд номбурда.

Қобили зикр аст, ки созмони байнулмилалии OXFAM дар доираи барномаи «Рушди иқтисодӣ тавассути амалҳои дастаҷамъона» барои харидани тухмии зироатҳо 40 ҳазор доллари ИМА ҷудо кард.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...