Кӯлоб: Дастрасии беш аз 300 нафар занон ба тухмии ройгон

Дар 7 маҳаллаи аҳолинишини ноҳияи Кӯлоб тақсими ройгони тухмии зироатҳои кишоварзӣ ба занони дорои қитъаи замин оғоз гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шуъбаи иқтисоди мақомоти шаҳрдории Кӯлоб Абдураззоқ Хоҷамқулов хабар дод,тавассути ҷамоатҳо ба занон асосан тухмии зарурии маҳсулоти кишоварзӣ аз қабили картошкаву гандум тақсим карда мешавад. «Дар чанде аз деҳаҳо, ки қитъаҳои замини инфиродӣ […]

Турко Дикаев


Дар 7 маҳаллаи аҳолинишини ноҳияи Кӯлоб тақсими ройгони тухмии зироатҳои кишоварзӣ ба занони дорои қитъаи замин оғоз гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шуъбаи иқтисоди мақомоти шаҳрдории Кӯлоб Абдураззоқ Хоҷамқулов хабар дод,тавассути ҷамоатҳо ба занон асосан тухмии зарурии маҳсулоти кишоварзӣ аз қабили картошкаву гандум тақсим карда мешавад.

«Дар чанде аз деҳаҳо, ки қитъаҳои замини инфиродӣ дар масофаҳои дур ҷойгир шудаанд, бо хоҷагиҳои деҳқонӣ бобати ба гурӯҳи занон ҷудо намудани заминҳои яклухт ба андозаи 1-2 гектар мувофиқа ҳосил шуд», – гуфт ӯ.

Ба қавли вай, ҷалби занони фаъол ба кор дар замин дар ду ноҳияи дигар – 7 деҳаи ноҳияи Восеъ ва 6 деҳаи ноҳияи Мӯъминобод низ оғоз гардидааст. «Як қисмати муайяни ҳосил ба ҷамоатҳо дода шуда, дар навбати худ онҳо соли оянда гурӯҳҳои дигари занонро ба дастрасӣ ба замину тухмии ройгони хушсифат таъмин мекунанд», – афзуд номбурда.

Қобили зикр аст, ки созмони байнулмилалии OXFAM дар доираи барномаи «Рушди иқтисодӣ тавассути амалҳои дастаҷамъона» барои харидани тухмии зироатҳо 40 ҳазор доллари ИМА ҷудо кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.