Рашт: Баррасии масоили таъмини амнияти ғизоӣ дар кӯҳистон

Рӯзҳои 11-12-уми декабр дар кори мизи гирд дар ноҳияи Рашт масоили таъмини амнияти ғизоӣ дар манотиқи кӯҳистони Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Чорабиниии мазкур аз ҷониби Академияи улуми кишоварзӣ бо мусоидати ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ дар доираи амалисозии лоиҳаи «Дастгирӣ дар таҳкими низоми миллии иттилоотии амнияти ғизоӣ дар Тоҷикистон», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, […]

Пайрав Чоршанбиев


Рӯзҳои 11-12-уми декабр дар кори мизи гирд дар ноҳияи Рашт масоили таъмини амнияти ғизоӣ дар манотиқи кӯҳистони Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Чорабиниии мазкур аз ҷониби Академияи улуми кишоварзӣ бо мусоидати ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ дар доираи амалисозии лоиҳаи «Дастгирӣ дар таҳкими низоми миллии иттилоотии амнияти ғизоӣ дар Тоҷикистон», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, созмон дода шуд.

Тавре аз намояндагии созмони мазкур хабар доданд, ҳадаф аз вохӯрӣ баррасии масоили асосии таъмини амнияти ғизоӣ дар манотиқи кӯҳистони ҷумҳурӣ ва ошкор намудани роҳҳои ҳалли онҳо буд.

Раиси ноҳияи Рашт Саидмурод Абдураҳмонов зимни суханронӣ бевосита дар бораи мушкилоти рӯзмарраи минтақаи кӯҳистон, аз ҷумла истифодаи заминҳои лалмӣ, коҳиши истеҳсорли маҳсулоти кишоварзӣ, талафоти маҳсулот бинобар сабаби мавҷуд набудани корхонаи коркард ва бозори фурӯш ва ҳамчунин масоили бозорёбии  занбӯрисалапарварӣ ҳарф зад.

Менеҷери лоиҳаи «Дастгирӣ дар таҳкими низоми миллии иттилоотии амнияти ғизоӣ дар Тоҷикистон» Сангинбой Сангинов изҳор кард, ки ҳудуди 45%-и аҳолии кишвар дар шароити кӯҳистон зиндагӣ дошта, бинобар сабаби болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ, сатҳи осебпазирии онҳо меафзояд.

Мудири кафедраи назарияи иқтисоди Донишгоҳи кишоварзӣ Ихтиёр Ашӯров зикр намуд, ки сарфи назар аз камбуди тухмии хушсифат, нуриҳои минепралӣ ва воситаҳои ҳифзи кимиёвии рустаниҳо, тибқи маълумоти оморӣ кишвоарзони манотиқи кӯҳистон дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардида, дар онҷо масъалаи таъмини амнияти ғизоӣ ҳал шудааст.

«Аммо вазъи воқеӣ ба омор мувофиқат надошта, масъалаи таъмин бо маводи ғизоӣ ва дастрасии он дар манотиқи кӯҳистон мушкил боқӣ мемонад», – гуфт ӯ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Табдили рақамии Тоҷикистон: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.