Моддаҳои туҳмату таҳқир ғайриҷиноӣ шуданд

Имрӯз дар иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ аъзои палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ якдилона тағйироти воридшуда ба Кодекси гражданиро дастгирӣ намуданд, ки мувофиқи он, акнун барои туҳмату таҳқир мутобиқи қонунгузории гражданӣ ҷавоб гуфта мешавад. Узви палатаи болоии парлумон, раиси Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат Бахтиёр Худоёров изҳор кард, ки қаблан бо пешниҳоди президенти мамлакаи Эмомалӣ […]

Аваз Юлдошев

Имрӯз дар иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ аъзои палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ якдилона тағйироти воридшуда ба Кодекси гражданиро дастгирӣ намуданд, ки мувофиқи он, акнун барои туҳмату таҳқир мутобиқи қонунгузории гражданӣ ҷавоб гуфта мешавад.

Узви палатаи болоии парлумон, раиси Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат Бахтиёр Худоёров изҳор кард, ки қаблан бо пешниҳоди президенти мамлакаи Эмомалӣ Раҳмон моддаҳои 136 (Туҳмат) ва 136 (Таҳқир) аз Кодекси ҷиноӣ хориҷ карда шуданд.

«Амалҳои марбут ба туҳмату таҳқир акнун дар доираи Кодекси граждании ҶТ баррасӣ шуда, инкор ё ҳаҷми ҷуброни пулӣ барои зарари маънавӣ аз ҷониби худи ҷабрдида дар аризаи даъвогӣ муайян карда мешавад», – гуфт номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.