М.Убайдуллоев: Соли нав дар Тоҷикистон таҷлил мегардад!

Зимни суханронӣ дар иҷлосияи навбатии палатаи болоии парлумони кишвар раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор кард, ки дар пойтахт ҷашни Соли нав мисли солҳои пешин бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил хоҳад шуд. Ӯ зикр намуд, ки мисли солҳои пешин дар майдони асосии пойтахт арчаи солинавӣ гузошта шуда, шаби 1-уми январ чорабинии идона доир […]

Аваз Юлдошев


Зимни суханронӣ дар иҷлосияи навбатии палатаи болоии парлумони кишвар раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор кард, ки дар пойтахт ҷашни Соли нав мисли солҳои пешин бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил хоҳад шуд.

Ӯ зикр намуд, ки мисли солҳои пешин дар майдони асосии пойтахт арчаи солинавӣ гузошта шуда, шаби 1-уми январ чорабинии идона доир мегардад. «Дар бинои сирки пойтахт барои кӯдакон чорабинии солинавӣ ташкил карда мешавад», – гуфт вай.

«Бо номбар кардани Соли нав ҳамчун ҷашни христианӣ сардабири торнамои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тамоман аз таърихи пайдоиши ин ҷашн огаҳ набуданашро нишон дод», – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, ӯ хотирнишон сохт, ки ҷашни Соли нав ба рӯзи мавлуди пайғамбар Исо ҳеҷ муносибате надошта, аз замони тақвими григорӣ оғоз шудааст.

Дар идома Убайдуллоев таъкид кард, ки мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, Соли нав иди расмӣ буда, дар тақвим бо хати сурх дарҷ ёфтааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.