Боздиди намояндагони Департаменти давлатии ИМА аз АНМН

Чанде қабл дар мулоқоти раиси Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ Рустам Назаров бо ҳамоҳангсози мусоидати ИМА бо кишварҳои Авруосиёи Департаменти давлатии ИМА Д.Розенблум ва ҳамроҳони ӯ масоили ҳамкориҳои минбаъда дар самти мубориза алайҳи маводи мухаддир баррасӣ шуданд. Бино ба маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеаи АНМН, Назаров барои кӯмак ва дастгирии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи […]

Аваз Юлдошев


Чанде қабл дар мулоқоти раиси Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ Рустам Назаров бо ҳамоҳангсози мусоидати ИМА бо кишварҳои Авруосиёи Департаменти давлатии ИМА Д.Розенблум ва ҳамроҳони ӯ масоили ҳамкориҳои минбаъда дар самти мубориза алайҳи маводи мухаддир баррасӣ шуданд.

Бино ба маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеаи АНМН, Назаров барои кӯмак ва дастгирии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ба ҳукумати ИМА изҳори миннатдорӣ намуд. Аз сатҳи рушди ҳамкориҳо дар масъалаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир изҳори қаноатмандӣ шуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ раиси Агентӣ ба меҳмонон дар бораи фаъолият ва вазифаҳои АНМН, ҳамкориҳои мутақобилаи мақомоти интизомии кишвар бо кишварҳои ҳамсояи минтақа маълумот дода, онҳоро бо вазъи мухаддирот дар Тоҷикистону Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ шинос кард.

Ба иттилои манбаъ, намояндаи Департаменти давлатии ИМА ба фаъолият ва комёбиҳои Агентӣ дар мубориза бо маводи мухаддир баҳои баланд дода, фаъолияти муваффақонаи дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар ин самтро таъкид намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.