Пешгирии интиқоли миқдори зиёди маводи мухаддир аз Афғонистон

Кормандони мақомоти интизомии кишвар аз интиқоли миқдори бузурги маводи мухаддир аз кишвари ҳамсояи Афғонистон ҷилавгирӣ карданд. Бино ба маълумоти Маркази робита бо ҷомеаи Кумитаи двлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ, муддати чор рӯзи ахир дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 2 ва дар пойтахт 1 амалиёти махсус анҷом дода шуда, дар натиҷа 226 кило маводи мухаддир мусодира гардид. Ба […]

ASIA-Plus


Кормандони мақомоти интизомии кишвар аз интиқоли миқдори бузурги маводи мухаддир аз кишвари ҳамсояи Афғонистон ҷилавгирӣ карданд.

Бино ба маълумоти Маркази робита бо ҷомеаи Кумитаи двлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ, муддати чор рӯзи ахир дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 2 ва дар пойтахт 1 амалиёти махсус анҷом дода шуда, дар натиҷа 226 кило маводи мухаддир мусодира гардид.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 10-уми декабри соли ҷорӣ дар минтақаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бо мақсади барбод додани кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир тавассути марзи давлатӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон амалиёти махсус сурат гирифта, қочоқбарони афғон ба кормандони мақомоти амнияти миллӣ ва сарҳадбонон муқобилияти шадиди мусаллаҳона нишон доданд. Дар натиҷаи тирпарронӣ якчанд қочоқчӣ захмдор гардида, ноилоҷ ба самти Афғонистон фирор карданд.

Ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса миқдори махсусан калон – 176 килограмм маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид. Ҳамчунин 1 адад милтиқи шикории истеҳсоли хориҷии қутраш 12 миллиметра, ки ба қочоқчиёни захмбардошта тааллуқ дошт, дарёфт шуд.

Гуфта мешавад, худи ҳамон рӯз дар натиҷаи боз як амалиёт дар ноҳияи Қумсангир шаҳрванди Афғонистон, узви гурӯҳи муташаккили ҷинояткор Шамсиддин валади Холмуроди 21-сола бо 9, 5 кило маводи мухаддири афюн боздошт шудааст.

Амалиёти сеюм дар шаҳри Душанбе сурат гирифта, ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир се нафар шаҳрвандони ҶТ – Икромиддин Худойназаров, Хуршед Расулов ва Карим Каримов боздошт ва аз онҳо ба миқдори 40 кило маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи далелҳои зикршуда парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз оғози сол кормандони мақомоти интизомӣ дар ҳамдастӣ бо марзбонон 3 тоннаву 180 кило маводи мухаддиро мусодира карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.