Шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ соли 2010 пурра мавриди истифода қарор хоҳад гирифт

Душанбе. 27-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ тавре интизор меравад, соли 2010 пурра мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Дар ин бора директории муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи роҳи нақлиётгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ» Қодир Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, нахуст дар давоми як сол аз тарафи комиссияи корӣ сифати роҳ санҷида шуда, баъдан […]

Шаҳло Абдураҳимова


Душанбе. 27-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ тавре интизор меравад, соли 2010 пурра мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Дар ин бора директории муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи роҳи нақлиётгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ» Қодир Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод.




Ба гуфтаи ӯ, нахуст дар давоми як сол аз тарафи комиссияи корӣ сифати роҳ санҷида шуда, баъдан онро комиссиюни давлатӣ қабул хоҳад кард. Саидов гуфтааст, ки то имрӯз комиссияи корӣ


188 километр

роҳро аз километри 7-уми ноҳияи Исмоили Сомонӣ то километри 57-уми ноҳияи Варзоб ва аз километри 222-юми ноҳияи Истаравшан то километри 365-уми шаҳри Хуҷандро санҷида ва мавриди истифода қарор додааст.

 

«Боз

171 километр

роҳи дигар, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб, навоҳии Айниву Истаравшан ва нақби Шаҳристон бояд таъмиру таҷдид шавад», – гуфт Саидов.



Ёдовар мешавем, хазинаи лоиҳаи таҷдиди шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд Чаноқ беш аз 295 миллион долларро ташкил медиҳад, ки 281 миллион доллараш қарзи дарозмуддати ҳукумати Чин буда, ба мӯҳлати 20 сол барои кишвари мо ҷудо гардидааст. Боқӣ 14,8 миллион доллар ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон дар ин лоиҳа аст. Корҳои таъмиру таҷдиди шоҳроҳ ва нақб тобистони соли 2006 оғоз гардида буданд.

  





 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.