Шӯрои иқтисодии ИДМ вазъи бахши энергетикаи Тоҷикистонро баррасӣ мекунад

Душанбе. 27-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) вазъи бахши энергетикаи Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаригашта дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Шӯрои энергетикии кишварҳои узви иттиҳод тасмим гирифта шудааст, ки ин масъала ба баррасии Шӯрои иқтисодии кишварҳо пешниҳод гардад. Дар ҷаласаи 34-уми Шӯрои электроэнергии кишварҳои узви […]

Роза Шапошник


Душанбе. 27-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) вазъи бахши энергетикаи Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаригашта дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Шӯрои энергетикии кишварҳои узви иттиҳод тасмим гирифта шудааст, ки ин масъала ба баррасии Шӯрои иқтисодии кишварҳо пешниҳод гардад.




Дар ҷаласаи 34-уми Шӯрои электроэнергии кишварҳои узви ИДМ роҳбарони сохторҳои марбута ҷараёни корҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009-ро муҳокима карданд. Зикр гардид, ки дар ҳамаи кишварҳо асосан корҳои пешбинишуда ба анҷом расидаанд, вале бо назардошти вазъи мавҷуда, ҳамчунин иштирокдорони ҷаласа ба бӯҳрони энергетикӣ гирифтор шудани Тоҷикистонро дар ин мавсим аз эҳтимол дур надонистанд. Аз ин рӯ, қарор шудааст, ин масъала дар Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шавад.



Дар ҷаласа ҳамчунин атрофи масоили ташаккули бозори ягонаи энергетикии кишварҳо, роҳандозии ҳамкориҳо дар бахши энергетика бо Эрон ва дигар мушкилоти рӯзмарраи ин соҳа табодули назар карда шуд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.