Соли равон даромади буҷаи давлатии Тоҷикистон аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи амволи давлатӣ ба $5 млн. баробар шуд

            Душанбе. 27-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи 9 моҳи соли равон даромади буҷаи давлатии Тоҷикистон аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи амволи давлатӣ ба 16,9 млн. сомонӣ (ҳудуди $5 млн.) баробар шуд.             Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Фаррух Ҳамралиев изҳор дошт, ки даромади буҷаи ҷумҳурӣ аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 27-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи 9 моҳи соли равон даромади буҷаи давлатии Тоҷикистон аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи амволи давлатӣ ба 16,9 млн. сомонӣ (ҳудуди $5 млн.) баробар шуд.





           

Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Фаррух Ҳамралиев изҳор дошт, ки даромади буҷаи ҷумҳурӣ аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи амволи ҷумҳуриявӣ 10,8 млн. сомониро (беш аз $3,176 млн.) ташкил додааст.




           

Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра 53 ғолиби тендерҳо бо иҷрои ҳамаи муқаррароти шартнома ба иқтисоди кишвар 49 млн. сомонӣ ($14 млн. 411 ҳазор) маблағ сармоягузорӣ намуда, ҳамзамон 2 ҳазору 620 ҷойи кори нав ташкил карданд. «15 ғолиби тендер таҳти назорати кумита қарор дошта, ӯҳдадор шуданд, ки то ахири сол ҳамаи муқаррароти шартномаҳоро ба иҷро хоҳанд расонд», – афзуд Ф.Ҳамралиев.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.