Э.Раҳмон шоҳзодаи Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир Гертсог Йоркскийро ба ҳузур пазируфт

Душанбе. 27-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоҳзодаи Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир Гертсог Йоркский ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки кишвараш ба рушди муносибатҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир месозад. Ба гуфтаи ӯ, дар зарфи мулоқоти яксоатаи ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон масоили сиёсӣ ва иқтисодии мавриди таваҷҷӯҳи ҳарду […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 27-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоҳзодаи Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир Гертсог Йоркский ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки кишвараш ба рушди муносибатҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир месозад.




Ба гуфтаи ӯ, дар зарфи мулоқоти яксоатаи ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон масоили сиёсӣ ва иқтисодии мавриди таваҷҷӯҳи ҳарду ҷониб муҳокима карда шуданд. «Пас аз ин боздид ба вазоратҳо ва сохторҳои тиҷоратии марбутаи Британия тавсия хоҳад шуд, имконоти дастёбӣ ба бозори Тоҷикистонро мавриди омӯзиш қарор диҳанд» – гуфт шоҳзода.



Ӯ ҳамчунин афзуд, ки Бритониёи Кабир барои маблағгузорӣ ба татбиқи барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба таҳкими марзҳои Тоҷикистону Афғонистон кӯмак хоҳад расонид.



Ёдрас мекунем, ки шоҳзодаи Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир Гертсог Йоркский бо сафари кӯтоҳмуддат дирӯз ба шаҳри Душанбе ташриф овард. Имрӯз ӯ аз ноҳияи Варзоб, ки дар он ҷо бо дастгирии ҳукумати Бритониё як қатор иншооти таъиноти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор мегиранд, боздид хоҳад кард. Шоми имрӯз ӯ бо намояндагони Бриониё дар Тоҷикистон ва ҷавонони тоҷик мулоқот мекунад. Сипас шоҳзода ба Бишкек меравад. Ин сафари дуввуми ӯ ба Тоҷикистон аст. Бори нахуст ӯ моҳи июли соли 2006 аз Тоҷикистон боздид карда буд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.