Дар кишварҳои узви ИДМ сохторҳои давлатии ҳамоҳангсози фаъолияти ташкилотҳои собиқадорон таъсис меёбанд

Душанбе. 27-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар пойтахти Белорус – шаҳри Минск ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба мутобиқати лоиҳаи Қарор дар бораи таъсиси ташкилотҳои собиқадорони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) доир мегардад. Тавре аз хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар санади мазкур баррасии имконоти таъсиси сохторҳои давлатии ҳамоҳангсози […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 27-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар пойтахти Белорус – шаҳри Минск ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба мутобиқати лоиҳаи Қарор дар бораи таъсиси ташкилотҳои собиқадорони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) доир мегардад.




Тавре аз хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар санади мазкур баррасии имконоти таъсиси сохторҳои давлатии ҳамоҳангсози фаъолияти ташкилоту созмонҳои собиқадорон дар кишварҳои иттиҳод ва кӯмаки молиявии ҳукуматҳо ба онҳо дар назар аст.

 




Таъкид гардид, ки Иттифоқи байнулмилалии «Иттиҳоди созмонҳои ҷамъиятии собиқадорони (нафақахӯрон) кишварҳои мустақил» 12 созмони ҷамъиятии собиқадорони давлатҳои узви ИДМ ва инчунин кишварҳои Латвияву Эстонияро муттаҳид сохта, дар сафҳои худ беш аз 60 млн. нафар аъзо дорад. Аз ҷумла, беш аз 1 млн. нафари онҳо – иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳудуди 500 ҳазор нафар – маъюбони ҷанг, беш аз 6 млн. нафар коркунони ақибгоҳи ҷабҳаи ҷанг, беш аз 1,3 млн. нафар собиқадори амалиёти низомӣ, ҳудуди 2 млн. нафар собиқадорони хизмати ҳарбӣ ва беш аз 26 млн. нафар собиқадорони меҳнат мебошанд.



Мақоми олии Иттифоқи байнулмилалӣ Шӯрои ҳамоҳангсоз мебошад, ки барои панҷ сол интихоб гардида, он аз моҳи декабри соли 1991 амал мекунад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.