Таъсиси Шӯрои муштараки парлумонҳои Тоҷикистону Қирғизистон

Тоҷикистону Қирғизистон Шӯрои муштаракаи байнипарлумонӣ таъсис медиҳанд. Дар ин бора бо такя ба гуфтаҳои вакили парлумони Қирғизистон аз фраксияи «Ҷумҳурӣ» (Республика) Назаралӣ Орифов нашрияи «Вечерний Бишкек» иттилоъ медиҳад. Номбурда изҳор кардааст, ки муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон хуб буда, Тоҷикистон ягона кишварест, ки пас аз инқилоб дар Қирғизистон марзҳояшро набаста буд. «Шӯрои байнипарлумонӣ ба пешравиҳо дар масъалаи […]

Меҳрангез Турсунзода


Тоҷикистону Қирғизистон Шӯрои муштаракаи байнипарлумонӣ таъсис медиҳанд. Дар ин бора бо такя ба гуфтаҳои вакили парлумони Қирғизистон аз фраксияи «Ҷумҳурӣ» (Республика) Назаралӣ Орифов нашрияи «Вечерний Бишкек» иттилоъ медиҳад.

Номбурда изҳор кардааст, ки муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон хуб буда, Тоҷикистон ягона кишварест, ки пас аз инқилоб дар Қирғизистон марзҳояшро набаста буд. «Шӯрои байнипарлумонӣ ба пешравиҳо дар масъалаи аломатгузорӣ дар марз, таҳкими дӯстӣ миёни кишварҳо мусоидат намуда, ба корҳои тадорукотии чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ машғул хоҳад шуд», – гуфтааст вай.

Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки дар марзи вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Қирғизистон созмон додани вохӯрии аъзои Шӯро дар назар аст.

Бино ба маълумоти вакили парлумони Қирғизистон Жусупалӣ Исоев, миёни кишварҳо дар бораи сохтмони роҳ тавассути марз миёни деҳаҳои Кулунду ва Максат дар ноҳияи Лайлак созишнома ба имзо расидааст.

Бо такя ба маълумоти хадамоти матбуоти парлумони Қирғизистон ОИ КирТаг иттилоъ медиҳад, ки санаи 20-уми декабр вохӯрии Гурӯҳҳои парлумонии дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон барпо шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ин мулоқот масоили аломатгузорӣ дар марз миёни кишварҳо, транзити маҳсулот тавассути қаламрави давлатҳо, мақоми гузаргоҳи марзии «Қарамиқ», анҷоми корҳои таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Ҷиргатол-Қарамиқ-Саритош», «Уш-Ботканд-Исфана», «Исфана-Сулукту» ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шудаанд.

Аъзои ҳайати парлумонии ҷонибҳо ҳамчунин табодули таҷриба оид ба масъалаи узвияти Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷоратро таъкид намуданд, зеро Қирғизистон аз соли 1998 узви ин созмон аст.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл як ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини раиси МН МО ҶТ Мирганд Шаҳбозов ҷиҳати иштирок дар вохӯрии дуюми Гурӯҳҳои байнипарлумонии дӯстӣ ва ҳамкории кишварҳо ба Қирғизистон сафар кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.