Пешниҳоди сабти видеоии суханронии Кабирӣ ба суд

Чанде қабл адвокати раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ сабти видеоии сухаронии ӯ дар ҷаласаи МН МО ҶТ аз 10-уми октябрро ба суд пешниҳод кард, ки дар он раиси ҳизб аз мушкилоти экологӣ ҳарф мезанад. Зокир Аминов, раиси суди ноҳияи Исомили Сомонии пойтахт дар ин робита изҳор намуд, ки дар […]

Аваз Юлдошев


Чанде қабл адвокати раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ сабти видеоии сухаронии ӯ дар ҷаласаи МН МО ҶТ аз 10-уми октябрро ба суд пешниҳод кард, ки дар он раиси ҳизб аз мушкилоти экологӣ ҳарф мезанад.

Зокир Аминов, раиси суди ноҳияи Исомили Сомонии пойтахт дар ин робита изҳор намуд, ки дар ҷаласаи навбатии судӣ, ки санаи баргузориаш ҳанӯз маълум нест, сабти видеоии суханронии вакил баррасӣ мешавад.

Бузургмеҳр Ёров, адвокати раси ҲНИТ изҳор намуд, ки зимни сухаронии чордақиқаинаи худ дар он ҷаласа М.Кабирӣ аз сатҳи пасти фарҳанги экологӣ сухан гуфта, илова намуд, ки дар пойтахт касе ба буридани дарахтону буттаҳо таваҷҷуҳ зоҳир намесозад ва ин кор хусусияти доимиро ба худ касб намудааст. «Дар Душанбе ба ивази гулгашту хиёбонҳо биноҳои оҳану бетонӣ қомат меафрозанд, ки ба низоми экологии шаҳр мушкилот эҷод месозанд», – гуфта буд раиси ҲНИТ.

Адвокат мегӯяд, сабаби ба суд муроҷиат кардани мақомоти шаҳрдорӣ иттилои интишоршуда дар ОИ TojNews аст, ки дар он вакил зимни суханронӣ гӯё изҳор дошта бошад, ки баъди 10 сол Душанбе бидуни дарахт ва «тамоман урён» мешавад. «Чунин суханонро зерҳимояи ман ба забон наовардааст ва сабти видеоӣ далели ин гуфтаҳост», – таъкид кард Б.Ёров.

Дар ҳамин ҳол, коршиносони мустақил бар ин назаранд, ки мурофиаи судӣ миёни мақомоти шаҳрдории пойтахт ва Муҳиддин Кабирӣ баҳри баҳо додан ба то кадом андоза мустақил будани мақомоти судӣ имкон медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми моҳи ноябр мақомоти шаҳрдории Душанбе нисбат ба раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили палатаи поёнии парулмони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ даъво пеш овард. Суханронии Муҳиддин Кабирӣ дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон зимни баррасии лоиҳаи қонун «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» ба даъво пеш овардан боис шуд. Мақомоти шаҳрдории пойтахт дар даъвои худ ба суд талаб кардааст, ки М.Кабирӣ расман аз мақомоти шаҳрдорӣ узр бипурсад.

Дар навбати худ раиси ҲНИТ нисбат ба мақомоти шаҳрдории Душанбе даъвои ҷавобӣ пеш оварда, барои зарари маънавӣ 20 млн. сомонӣ ҷуброн талаб кард. «Мувофиқи қонун дар бораи мақоми вакили МН МО ҶТ, монеъа эҷод сохтан ба фаъолияти вакил масъулият дорад ва даъвои мақомот барои ибрози андеша монеъа эҷод сохтан аст, зеро ӯ нигоҳи худ ба ин масъаларо ҳамчун вакил ва узви комиссияи экологӣ иброз дошт ва ин ҳам дар ҳолест, ки Кабирӣ мушаххасан касеро танқид накарда, аммо мақомоти шаҳрдорӣ бошанд, нисбати раиси ҲНИТ изҳороти дағал баён доштанд», – зикр кард Б.Ёров.

Адвокат ҳамчунин гуфт, мақомоти шаҳрдорӣ пешниҳоди созишро қабул накарда, дар натиҷа М.Кабирӣ маҷбур шуд даъвои ҷавобӣ пеш оварад. «Агар даъво қонеъ гардад, 20 млн. сомонӣ ба беҳбуди вазъи экологии шаҳри Душанбе равона хоҳанд гардид», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.