ХА масъалаи бастани сомонаҳоро шарҳ доданӣ нест

Сарфи назар ҳанӯз аз санаи 22-юми декабр интишор гардидани хабар дар бораи супориши хадамоти алоқа ба ширкатҳои фароҳамсози интернет оид ба қатъи дастрасӣ ба 131 сомона, Хадамоти алоқа то ҳол ин масъаларо ба ҳеҷ гунае шарҳ доданӣ нест. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Асотсиатсияи ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон Асомиддин Атоев иттилоъ дод, дастури Хадамоти алоқа то […]

Меҳрангез Турсунзода


Сарфи назар ҳанӯз аз санаи 22-юми декабр интишор гардидани хабар дар бораи супориши хадамоти алоқа ба ширкатҳои фароҳамсози интернет оид ба қатъи дастрасӣ ба 131 сомона, Хадамоти алоқа то ҳол ин масъаларо ба ҳеҷ гунае шарҳ доданӣ нест.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Асотсиатсияи ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон Асомиддин Атоев иттилоъ дод, дастури Хадамоти алоқа то ҳанӯз ба онҳо нарасида, онҳо низ дар бораи шарҳи сабабҳои қатъи дастрасӣ унвонии хадамот муроҷиат омода мекунанд. «Субҳи имрӯз ман бо муовини сардори Хадамоти алоқа дар тамос шуда, ӯ ба ман изҳор намуд, ки айни замон ба таҳияи мактуб бо супориши расмӣ дар ин хусус машғул аст», – гуфт вай.

Дар ҳамин ҳол, сарфи назар аз кӯшишҳои чандинкарата, тамос гирифтан бо сардори Хадамот Бег Зуҳуров муяссар нагардид. Дар қабулгоҳи сардори Хадамот иброз доштанд, ки айни замон ӯ дар шаҳр ҳузур надорад.

Муовини аввали сардори Хадамот Татяна Холмуродова дар суҳбати телефонӣ дар робита ба ин масъала изҳор намуд, ки  ӯ «аз ҷараёни рӯйдоди мазкур огаҳӣ надорад». «Ман чунин дастурро надидаам ва ба ин масъала машғул нестам», – гуфт вай.

Ӯ рақами телефони муовини дигари сардори Хадамоти алоқа Рафиқҷон Шокировро пешниҳод намуд, вале шурӯъ аз субҳи имрӯз алоқа бо ӯ ғайриимкон аст.

Ёдрас мекунем, ки ахири ҳафтаи сипаришуда ВАО-и Русия иттилоъ доданд, ки шоми рӯзи ҷумъа Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ ба ширкатҳои фароҳамсози Интернет нома фиристода, дастур додааст, ки дастрасӣ ба 131 сомона қатъ карда шавад. Намояндаи яке аз ин ширкатҳо ба хабаргузории «Интерфакс» изҳор намудааст, ки рӯйхати сомонаҳо хеле бузург буда, сабаби қатъи дастрасӣ шарҳ дода намешавад.

Миёни ин торнамоҳо шабакаҳои иҷтимоии «Вконтакте», «Одноклассники», Twitter, topvideo.tj (ҳамсони тоҷикии YouTube) ва ҳамчунин портали mail.ru, ки аз он қариб тамоми кормандони мақомоти давлатӣ истифода мекунанд, мавҷуданд.

Қобили зикр аст, ки чанде аз ширкатҳои фароҳамсози интернет мувофиқи супориши Хадамоти алоқа аллакай дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ аз қабили «Вконтакте», сомонаҳои torrents.tj ва topvideo.tj-р қатъ кардаанд.

Бино ба маълумоти расмӣ, аз аҳолии 8 млн. нафараи Тоҷикистон беш аз 2 млн. нафар аз шабакаи Интернет истифода мекунанд. Аксарият бештар корбарони шабакаҳои иҷтимоии Одноклассники, Twitter, «Вконтакте» ва Facebook мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.