Хуҷанд: Ҳукми 8 соли зиндон ба муфаттиш барои қочоқи нашъа

Муфаттиши Шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба 8 соли зиндон маҳкум шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди шаҳри Хуҷанд хабар доданд, суд муфаттиши Шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд Набӣ Ҳомидови 25-соларо дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 200, қ. 3, банди «г»и КҶ ҶТ […]

Мавлуда Рафиева


Муфаттиши Шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба 8 соли зиндон маҳкум шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди шаҳри Хуҷанд хабар доданд, суд муфаттиши Шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд Набӣ Ҳомидови 25-соларо дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 200, қ. 3, банди «г»и КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори калон) гунаҳкор эътироф кард.

«Набӣ Ҳомидов ба 8 соли зиндони низомаш шадид бо мусодираи амвол маҳкум карда шуд», – гуфтанд дар суд.

Ба иттилои манбаъ, маҳкумшуда моҳи сентябри соли равон зимни баргузории амалиёти махсус бо харидори шартӣ боздошт шудааст. «Он замон аз ӯ беш аз 5,5 кило маводи мухаддири афюн дарёфт ва мусодира гардида буд», – афзуд сарчашмаи хабар.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.