Талаби қатъи парванда нисбати муҳаррири телевизиони «Ҷаҳоноро»

Дар робита ба анҷоми муҳлати ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани сардабири телевизиони «Ҷаҳоноро» Моҳира Воҳидова, адвокати ӯ Муҳаббат Ҷӯраева аз суд дархост намуд, ки парвандаи маъмурӣ нисбати ӯ қатъ карда шавад. «Мутобиқи моддаи 33-и Кодекси маъмурии ҶТ, бо гузашти се моҳ аз амали қонуншикании маъмурӣ, шахс наметавонад ба ҷавобгарӣ ҷалб карда шавад. Дар ҳолати мазкур мувофиқи […]

Мавлуда Рафиева


Дар робита ба анҷоми муҳлати ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани сардабири телевизиони «Ҷаҳоноро» Моҳира Воҳидова, адвокати ӯ Муҳаббат Ҷӯраева аз суд дархост намуд, ки парвандаи маъмурӣ нисбати ӯ қатъ карда шавад.

«Мутобиқи моддаи 33-и Кодекси маъмурии ҶТ, бо гузашти се моҳ аз амали қонуншикании маъмурӣ, шахс наметавонад ба ҷавобгарӣ ҷалб карда шавад. Дар ҳолати мазкур мувофиқи маводи парванда маълум аст, ки қонуншиканӣ санаи 6-уми сентябри соли 2012 содир шудааст», – изҳор кард адвокат.

Ҳуқуқшиноси Маркази дастгирии ҳуқуқии ВАО ва рӯзноманигорони вилояти Суғд Муҳаббат Ҷӯраева бар ин назар аст, ки прокуратураи вилоят нисбати сармуҳаррири телевизиони «Ҷаҳоноро» Моҳира Воҳидова ғайриқонунӣ парванда оғоз намудааст.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» М.Ҷӯраева изҳор кард, ки дар робита ба ин масъала роҳбари телевизиони «Ҷаҳоноро» Маҳмудҷон Додобоев ба ӯ муроҷиат намуда, баён кардааст, ки дар барномаи «Ахбор»-и шабакаи мазкур доир ба ҳодисаи сӯхтор дар бозори «Корвон»-и пойтахт иттилоъ пахш шуд, ки он аз сомонаи хабаргузории TojNews гирифта шуда буд.

«Ӯ изҳор дошт, ки дарҳол пас аз анҷоми барнома роҳбари телевизионро ба Кумитаи давлатии амнияти миллии вилоят даъват карда, бозпурсӣ намудаанд. Сипас ба прокуратураи вилоят даъват шуда, аз ӯ навиштани баёнотро талаб мекунанд ва хабар медиҳанд, ки далели истифодаи маводи хабаргузории TojNews қонунӣ аст. Аммо баъди чанд рӯз ба телевизион хабар мерасад, ки прокуратураи вилоят ба суд муроҷиат намуда, тасдиқ кардааст, ки шабакаи телевизионӣ талаботи моддаи 373-и Кодекси маъмурии ҶТ-ро риоя накарда, дар ин ҳолат қонуншиканӣ ҷой дорад», – ҳикоят кард мазмуни суҳбати худро бо роҳбари шабакаи «Ҷаҳоноро» Ҷӯраева.

Ба қавли вай, дар моддаи 373-и Кодекси маъмурии ҶТ ба қонуншиканӣ барои паҳнкунии маҳсулоти ВАО ва ҳамчунин хабару маводи оҷонсии хабаргузорӣ бидуни сабти ном ишора рафта, дар амали роҳбари шуъбаи иттилооти телевизиони «Ҷаҳоноро» қонуншиканӣ ҷой надорад, – гуфт Ҷӯраева. – ВАО-и мазкур ба қайд гирифта шуда, хабари пахшшуда аз сарчашмаи дигар – TojNews гирифта шудааст ва тибқи моддаи 36-и Қонуни ҶТ «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», агар ахбор аз сарчашмаи дигари иттилоотӣ гирифта шуда бошаду ба ин сарчашма ишора рафта бошад, пас дар ин ҳолат ВАО-и ин хабарро истифодакарда аз масъулият озод мегардад».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.