Тақозои волидайни Ҳ.Икромзода ҷиҳати тафтиши дақиқи марги фарзандашон

Волидайни маҳбус Ҳамза Икромзода, ки 20-уми сентябри соли гузашта эҳтимол бар асари шиканҷа дар маҳбасхонаи № 1-и шаҳри Душанбе ба ҳалокат расид, аз Прокуратураи генералӣ тафтиши дақиқи ҳодисаи мазкурро талаб доранд. Онҳо рӯзи 3-юми январ дар ин бора ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат карданд. Наздикони Ҳамза Икромзода мегӯянд, натиҷаи ташхис пешакӣ маълум аст, зеро коршиносон ба […]

ASIA-Plus


Волидайни маҳбус Ҳамза Икромзода, ки 20-уми сентябри соли гузашта эҳтимол бар асари шиканҷа дар маҳбасхонаи № 1-и шаҳри Душанбе ба ҳалокат расид, аз Прокуратураи генералӣ тафтиши дақиқи ҳодисаи мазкурро талаб доранд. Онҳо рӯзи 3-юми январ дар ин бора ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат карданд.

Наздикони Ҳамза Икромзода мегӯянд, натиҷаи ташхис пешакӣ маълум аст, зеро коршиносон ба хулоса расидаанд, ки ӯ худро ба дор овехтааст.

«Бо ин хулоса мо комилан розӣ нестем, зеро осори захму ҷароҳат дар ҷисми Ҳамза гувоҳи онанд, ки ӯ бар асари шиканҷа ба ҳалокат расидааст. Ҳамчунин мо талаб дорем, ки дар суд шоҳидони истифодаи шиканҷа нисбати Ҳамза – маҳкумшудагони ба Хуҷанд фиристода низ иширок кунанд. Гунаҳкорони марги ӯ бояд ҷазои сазовор гиранд», – изҳор кард Амир Икромзода, бародари Ҳамза.

Наздикони маҳбуси ҳалокшуда инчунин талаб доранд, ки шоҳидон такроран пурсида шуда, ташхиси мустақили судиву тиббӣ гузаронида шавад.

Ёдрас мекунем, ки натиҷаи ташхиси ҷароҳатҳо дар ҷисми маҳкумшуда Ҳамза Икромзода, ки аз ҷониби Маркази тибби судии назди Вазорати тандурустии ҶТ гузаронида шуданд, далели истифодаи шиканҷа нисбати ӯро собит насохтанд. Коршиносон ба хулоса расиданд, ки маҳкумшуда бар асари худро ба дор овехтан фавтидааст. Наздикони Ҳ.Икромзода бо натиҷаи ташхиси мазкур қаноатманд нестанд.

Маҳкумшуда Ҳамза Икромзода рӯзи 20-уми сентябри соли равон дар муассисаи ислоҳии №1-и шаҳри Душанбе ба ҳалокат расид. Наздикони ӯ мегӯянд, дар ҷисми ӯ осори возеҳи лату кӯб ва истифодаи шиканҷа аён буданд.

Тибқи фарзияи расмӣ, Ҳ.Икромзода дар ҳуҷраи зиндон ба дор овехташуда дарёфт гардида, кормандони муассиса кӯшиш кардаанд, ки ба ӯ ёрии тиббӣ расонанд, вале аллакай дер шуда буд.

Прокуратура оид ба назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ аз рӯи далели марги маҳкумшуда мутобиқи моддаи 322-и КҶ ҶТ (Хунукназарӣ) парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Айни замон оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дошта, сабабҳои марги Ҳ.Икромзода мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон аз ин ҳодиса изҳори нигаронӣ намуда, аз Прокуратураи генералӣ дархост кард, ки аз рӯи далели марги маҳкумшуда тафтишоти беғаразона ва мунсифона гузаронида шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.