Дар шаҳри Исфара пахши барномаҳои шабакаи радиои нави мустақили иттилоотиву фароғатии «Радиои Исфара» оғоз гардид. Пахши барномаҳои радио дар мавҷи 105,2 FM танҳо барои сокинони шаҳри Исфара ва ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон пешкаш мегардад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шабакаи радиои нав Саҳбон Қурбонов хабар дод, ба кор дар радио рӯзноманигорони маҳаллӣ аз ҳисоби кормандони шабакаи телевизионии «ТВ Исфара» ҷалб карда шудаанд.
«Радио муддати 16 соат дар як шабонарӯз фаъолият намуда, барномаҳои он аз хабарҳо дар бораи рӯйдодҳои дохиливу хориҷӣ ва барномаҳои фароғативу маърифатӣ иборатанд, ки сокинони шаҳр ҳам бевосита метавонанд дар он иштирок намоянд», – гуфт ӯ.
Номбурда афзуд, шабакаи радиои нав бо дастгирии Кумитаи телевизиону радиои назди ҳукумати ҶТ таъсис дода шуд.



