Парлумони ҷумҳурӣ лоиҳаи Буҷети давлатии Тоҷикистонро барои соли 2009 муҳокима мекунад

Душанбе. 23-уми октябр – Муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009» дар Кумитаҳои палатаи поёнии парлумони мамлакат оғоз ёфт. Дар ҷаласаҳое, ки дар кумитаҳои иқтисод, буҷет, молия ва андоз, оиди масъалаҳои иҷтимоӣ, оила, ҳифзи сиҳатӣ ва экология ва Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон доир гардид, […]

АМИТ «Ховар»


Душанбе. 23-уми октябр – Муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009» дар Кумитаҳои палатаи поёнии парлумони мамлакат оғоз ёфт.




Дар ҷаласаҳое, ки дар кумитаҳои иқтисод, буҷет, молия ва андоз, оиди масъалаҳои иҷтимоӣ, оила, ҳифзи сиҳатӣ ва экология ва Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон доир гардид, лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009 муҳокима гардид.



Иштирокдорони ҷаласаҳо ва гурӯҳи корӣ таклифу эродҳои Кумитаҳои Маҷлиси намояндагонро баррасӣ намуданд. Онҳо, зикр карданд, ки аз ҷониби Кумитаҳои мазкур як қатор таклифу эродҳо дар мавриди ҷудо намудани маблағҳои зарурӣ барои табобати санаторӣ-курортӣ, андозаҳои ҷубронпулии роҳхатҳо ба ветеранҳои ҷанг, риояи таносуби ҷудо кардани маблағҳо барои дармонгоҳҳо ва беморхонаҳо, пешбинии маблағҳо барои амалиёти ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард, дар буҷети давлатӣ нишон додани ҳаҷми маблағҳо барои таҳсилоти умумӣ, истифодаи самараноки маблағҳо барои баланд бардоштани маоши муаллимон ва ғайраҳо пешниҳод гардидааст.



Муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009» дар Кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон идома дорад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.