Раиси Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҶТ Абдураҳим Холиқов мутмаин аст, ки яке аз омилҳои асосии афзоиши пасандози аҳолӣ дар бонкҳо, зиёд шудани шумори автомашинаҳои шахсӣ ва сохтмони манзилҳои нав амалисозии қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» аст.
Ба иттилои А.Холиқов, соли 2012 пасандозҳои аҳолӣ дар бонкҳо ба андозаи 31,1% афзуда, дар 20 ҳазор гектар сохтмони манзилҳои нав сурат гирифтанд, ки гувоҳи натоиҷи мусбати қабули қонун мебошад.
«Тӯли 5,5 соли баъди қабули қонун аҳолии ҷумҳурӣ беш аз 9 млрд. сомонӣ маблағ сарфа намуда, ғайр аз ин, андешаву муносибати мардум низ оид ба баргузории маросимҳо ба куллӣ дигаргун шуд», – гуфт вай.
Ба гуфтаи раиси Кумита, соли гузашта дар ҷумҳурӣ 153 ҳазору 326 маросиму ҷашнҳои гуногун (нисбат ба соли 2011 22 ҳазору 485 маросим зиёдтар) гузаронида шуда, хароҷоти онҳо ҳудуди 463 млн. сомониро ташкил додааст ва агар ин рақам бо нишондиҳандаҳои то давраи қабули қонун муқоиса шавад, пас соли гузашта дар баргузории маросимҳо 879 млн. сомонӣ маблағ сарфа шудааст.
«Агар то қабули қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» шаҳрвандони Тоҷикистон дар баргузории як маросим ба ҳисоби миёна 8,7 ҳазор сомонӣ маблағ хароҷот мекарданд, айни замон маблағи хароҷот ба ҳисоби миёна 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад», – иттилоъ дод вай.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки соли гузашта 227 ҳолати риоя накардани талаботи қонуни мазкур ошкор гардида, қонуншиканон ба маблағи умумии 592 ҳазору 875 сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд.



