Болоравии сатҳи некӯаҳволии мардум аз ҳисоби сарфа дар маросимҳо

Раиси Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҶТ Абдураҳим Холиқов мутмаин аст, ки яке аз омилҳои асосии афзоиши пасандози аҳолӣ дар бонкҳо, зиёд шудани шумори автомашинаҳои шахсӣ ва сохтмони манзилҳои нав амалисозии қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» аст. Ба иттилои А.Холиқов, соли 2012 пасандозҳои аҳолӣ дар бонкҳо ба андозаи 31,1% афзуда, дар 20 […]

Меҳрангез Турсунзода


Раиси Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҶТ Абдураҳим Холиқов мутмаин аст, ки яке аз омилҳои асосии афзоиши пасандози аҳолӣ дар бонкҳо, зиёд шудани шумори автомашинаҳои шахсӣ ва сохтмони манзилҳои нав амалисозии қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» аст.

Ба иттилои А.Холиқов, соли 2012 пасандозҳои аҳолӣ дар бонкҳо ба андозаи 31,1% афзуда, дар 20 ҳазор гектар сохтмони манзилҳои нав сурат гирифтанд, ки гувоҳи натоиҷи мусбати қабули қонун мебошад.

«Тӯли 5,5 соли баъди қабули қонун аҳолии ҷумҳурӣ беш аз 9 млрд. сомонӣ маблағ сарфа намуда, ғайр аз ин, андешаву муносибати мардум низ оид ба баргузории маросимҳо  ба куллӣ дигаргун шуд», – гуфт вай.

Ба гуфтаи раиси Кумита, соли гузашта дар ҷумҳурӣ 153 ҳазору 326 маросиму ҷашнҳои гуногун (нисбат ба соли 2011 22 ҳазору 485 маросим зиёдтар) гузаронида шуда, хароҷоти онҳо ҳудуди 463 млн. сомониро ташкил додааст ва агар ин рақам бо нишондиҳандаҳои то давраи қабули қонун муқоиса шавад, пас соли гузашта дар баргузории маросимҳо 879 млн. сомонӣ маблағ сарфа шудааст.

«Агар то қабули қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» шаҳрвандони Тоҷикистон дар баргузории як маросим ба ҳисоби миёна 8,7 ҳазор сомонӣ маблағ хароҷот мекарданд, айни замон маблағи хароҷот ба ҳисоби миёна 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад», – иттилоъ дод вай.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки соли гузашта 227 ҳолати риоя накардани талаботи қонуни мазкур ошкор гардида, қонуншиканон ба маблағи умумии 592 ҳазору 875 сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.