Таҷлили ҷашни 20-солагии муносиботи дипломатӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Ба муносибати 20-умин солгарди роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон имрӯз сарони ин кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Алмазбек Атамбаев ба ҳамдигар  барқияҳои табрикотӣ ирсол намуданд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлати Тоҷикистон, дар барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки «Тоҷикистон сатҳи имрӯзаи ҳамкориҳо бо Қирғизистонро шоиста арзёбӣ намуда, минбаъд низ ният дорад, ки […]

ASIA-Plus


Ба муносибати 20-умин солгарди роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон имрӯз сарони ин кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Алмазбек Атамбаев ба ҳамдигар  барқияҳои табрикотӣ ирсол намуданд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлати Тоҷикистон, дар барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки «Тоҷикистон сатҳи имрӯзаи ҳамкориҳо бо Қирғизистонро шоиста арзёбӣ намуда, минбаъд низ ният дорад, ки ба  муносибатҳои ҳамкории дуҷониба дар сиёсату иқтисод, амнияту фарҳанг ва дигар самтҳо тақвият бахшад».

«Ман мутмаинам, ки ин ният дуҷониба буда, талоши муштараки мо дар роҳандозии ҳамкориҳои барои тарафайн судманд минбаъд низ баҳри нафъи мардуми ҳарду кишвар бемайлон густариш хоҳад ёфт», – гуфта мешавад дар барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон.

Дар барқияи табрикотии президенти Қирғизистон қайд мешавад, ки «тӯли 20 соли гузашта миёни кишварҳои мо муносиботи қавии ҳамҷаворӣ ба роҳ монда шуда, он сол то сол муҳтавои пурмазмун ва рушди босуръатро касб мекунад».

«Мутмаинам, муносиботи Қирғизистону Тоҷикистон, ки дар ҳалли масъалаҳои калидии минтақа мавқеъҳои муштарак доранд, минбаъд низ густариш ёфта,  ба манфиати мардум ва давлатҳоямон устувортар хоҳанд гашт», – омадааст дар барқияи Алмазбек Атамбаев.

Қобили зикр аст, ки тӯли 20 соли муносибот миёни Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 70 асноди ҳамкории дуҷониба ба имзо расида, ба татбиқу танзими пурсамари онҳо дар тамоми бахшҳо шароити мусоид фароҳам овардаанд. Соли 2012 ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон зиёда аз 70 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли пешин ду баробар зиёдтар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.