Э.Раҳмон: Соли равон берун аз қаламрави Тоҷикистон 170 шаҳрванди давлати мо барои қочоқи маводи мухаддир дастгир шудаанд

Date:


Душанбе. 21-уми октябр. – Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии Иттиҳоди Аврупо ва як қатор кишварҳои ҳамкор ва ҳамсоя оид ба тақвияти сарҳад ва пурзӯр намудани мубориза бар зидди маводи мухаддир изҳор дошт, ки дар давоми солҳои охир ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир торафт хислати трансмиллӣ касб карда истодаанд. «Аз ҷумла, танҳо соли ҷорӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвари мо фаъолияти 7 гурӯҳро қатъ гардониданд, ки ба ҳайати онҳо шаҳрвандони Африқои Ҷанубӣ, Филиппин, Уганда ва дигар кишварҳо шомил буда, мехостанд миқдори зиёди героини баландсифати истеҳсоли Афғонистонро ба кишварҳои аврупоӣ интиқол диҳанд», – гуфт ӯ.




Сарвари давлати Тоҷикистон зикр кард, ки айни замон дар натиҷаи корҳои муваффақонаи анҷомдодашуда, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки берун аз қаламрави кишвар барои қочоқи маводи мухаддир дастгир мешуданд, кам гардид. Аз соли 2000 далелҳои боздошти шаҳрвандони мо тақрибан 60 фоиз ва теъдоди онҳо аз 1031 нафар то 453 нафар кам шуд. Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ бошад берун аз қаламрави Тоҷикистон 170 шаҳрванди давлати мо дастгир шудааст.



Зикр гардид, ки ин ва дигар дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва беҳтар кардани идораи сарҳадот бидуни кӯмаки ҷиддии моддиву молиявӣ, мусоидат дар тарбияи кадрҳо аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ҳукуматҳои Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, Федератсияи Россия, Хитой, Ҷопон, Қазоқистон, Украина, дигар кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ аз имкон берун буданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.





 


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...