Маркази исломии Тоҷикистон ба мақомоти раҳбарии расонаҳои хабарӣ ва кормандони Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҶТ тавсия дод, ки аз содир намудани фатво тариқи матбуот худдорӣ варзанд.
Дар муроҷиатномаи пахшшудаи Маркази мазкур дар ин робита зикр мегардад, ки ҳалли масъалаҳои шаръӣ масъулияти Шӯрои уламои Маркази исломӣ мебошад ва ҳар фарди мусалмон ва ҳар сокини Тоҷикистон метавонанд озодона ба ин Марказ муроҷиат карда, эҳтиёҷоти маънавӣ ва масоили ҳалталаби мазҳабияшонро бароварда созанд.
«Дар Тоҷикистон Маркази исломӣ амал карда, Донишгоҳи исломии кишвар мутахассисони соҳаи динро омода мекунад ва аз ин рӯ, барои аз ҷониби шахсони алоҳида содир шудани фатво зарурате боқӣ намемонад. Ҳамчунин дар Оинномаи Маркази исломӣ гуфта мешавад, танҳо Шӯрои уламо ҳуқуқи додани фатвоҳои шаръиро дорад, ки риояи онҳо барои тамоми мусалмонони Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад», – зикр мегардад дар муроҷиатнома.
Дар идома баён мегардад, ки давлатӣ демократӣ барои ибрози озодонаи андеша ба ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ фароҳам овардааст, аммо ҳар гуна озодӣ меъёру ҳадду ҳудуди муайян дорад ва набояд дар он зиёдаравӣ кард ё аз озодии афкор суистифода намуд.
«Тасаввур кардан мушкил аст, ки агар ҳар гурӯҳе мувофиқ ба табъу завқ ва манофеи гурӯҳи хеш ин ё он масоили мазҳабиро шарҳ дода, ҳукм содир кунад, он гоҳ бо ҷомеаи муслимин дар маҷмӯъ чи ҳаводисе рух хоҳад дод?», – омадааст дар муроҷиатнома.


