Суғд: Гумонбарии адвокат ба қаллобӣ

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар қаллобӣ як адвокат боздошт шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд хабар доданд, сокини шаҳри Исфара Б.А. ба раёсат муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки узви Ҳайати мушовараи адвокатҳои «Сипар»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Шералӣ Ҷӯраев бо роҳи […]

Мавлуда Рафиева


Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар қаллобӣ як адвокат боздошт шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд хабар доданд, сокини шаҳри Исфара Б.А. ба раёсат муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки узви Ҳайати мушовараи адвокатҳои «Сипар»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Шералӣ Ҷӯраев бо роҳи фиреб аз ӯ дар ҳаҷми 5 ҳазор доллари ИМА маблағ гирифта, кам кардани муҳлати ҷазои писарашро, ки барои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба 19 соли зиндон маҳкум шуда буд, ваъда додааст.

«Аммо ба ваъдаи худ вафо накарда, маблағи мазкурро ба эҳтиёҷоти худ масраф намудааст», – гуфтанд дар раёсати мазкур.

Ба иттилои манбаъ, дар суд адвокат аз манфиатҳои писари шахси ба раёсат муроҷиатнамуда ҳимоят мекардааст.

Зимнан зикр гардид, ки Ш.Ҷӯраев боздошт шуда, нисбати ӯ мутобиқи моддаи 247, қ. 4-и КҶ ҶТ (Қаллобӣ ба миқдори ниҳоят зиёд) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва тафтишот идома дорад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.