Тафтиши ҳодисаи садамаи нақлиёти дугоникҳо тӯл мекашад

Тафтиши ҳодисаи садамаи нақлиёте, ки субҳи рӯзи 23-юми декабр дар маркази шаҳри Душанбе рух дода, бар асари он бародарон – дугоникҳо Амир ва Тимур Пешковҳо (Ғуломовҳо) ва ҳамчунин дӯсти онҳо Ориён Ҷӯраев ба ҳалокат расида буданд, тӯл мекашад. Сардори маркази матбуоти Шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита […]

Аваз Юлдошев


Тафтиши ҳодисаи садамаи нақлиёте, ки субҳи рӯзи 23-юми декабр дар маркази шаҳри Душанбе рух дода, бар асари он бародарон – дугоникҳо Амир ва Тимур Пешковҳо (Ғуломовҳо) ва ҳамчунин дӯсти онҳо Ориён Ҷӯраев ба ҳалокат расида буданд, тӯл мекашад.

Сардори маркази матбуоти Шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки сабаби тӯл кашидани ҷараёни тафтишот бемории сокини 23-солаи пойтахт Назар Дериникян аст, ки он замон автомашинаи тамғаи «Лендровер» таҳти идораи ӯ қарор дошт.

«Н. Дериникян ҳоло пурра ба ҳуш наомада, вазъи имрӯзаи ӯ имкон намедиҳад, ки муфаттишон ҷузъиёти садамаро аз ӯ ҷӯё шаванд», – зикр кард Латифов.

Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 23-юми декабри соли сипаришуда ронандаи автомашинаи тамғаи «Лендровер», хатмкардаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии Маскав, сокини 23-солаи пойтахт Назар Дериникян ҳангоми ҳаракат дар майдони Дӯстии хиёбони Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо суръати баланд ба бинои Почтаи марказии Душанбе (Главпочтамт) бархӯрд.

Бар асари бархӯрд таркиш ба вуқӯъ пайваста, дар ҷойи ҳодиса се нафар мусофирони «Лендровер» – Амир ва Темур Пешковҳои 24-сола ва ҳамсояву дӯсти онҳо Ориён Ҷӯраев ба ҳалокат расиданд. Ронанда бо ҷароҳатҳои зиёди ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.