Боздошти аъзои гурӯҳи фаромиллии нашъаҷаллобон

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ аъзои як гурӯҳи фаромилии машғул ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро боздошт намуда, аз онҳо 30 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар доданд, ахири ҳафтаи гузашта зимни амалиёт дар микрорайони «Водник»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кормандони Раёсати Кумита дар вилояти […]

Наргис Ҳамробоева


Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ аъзои як гурӯҳи фаромилии машғул ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро боздошт намуда, аз онҳо 30 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар доданд, ахири ҳафтаи гузашта зимни амалиёт дар микрорайони «Водник»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кормандони Раёсати Кумита дар вилояти Суғд як автомашинаи тамғаи «Опел-Караван»-ро боздошт намуданд, ки таҳти идораи шаҳрванди Тоҷикистон Мухтор Шарифови 43-сола қарор дошта, мусофири он шаҳрванди Қазоқистон Бахтиёр Раҳимови 36-сола будааст.

«Зимни азназаргузаронии автомашина 30 кило мавводи мухаддири героин дарёфт ва мусодира карда шуд», – гуфтанд дар КДАМ.

Ба иттилои манбаъ, зимни боздошт ронандаи автомашина ва мусофири он муқобилат нишон дода, дар натиҷа Шарифов аз пояш ҷароҳат бардоштааст.

Дар идома зикр гардид, ки гурӯҳи нашъаҷаллобони мазкур муддати солҳои зиёд ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир машғул буда, аз шахсияти сарвари гурӯҳ низ мақомот огаҳӣ доранд, вале ба хотири халалдор насохтани ҷараёни тафтишот, номи ӯ алҳол ифшо намегардад.

«Боздоштшудагон иқрор шуданд, ки ин миқдор маводи мухаддир барои интиқол ба Қирғизистон ва сипас ба Қазоқистону Русия пешбинӣ шуда будааст», – гуфт манбаъ ва илова намуд, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Қобили зикр аст, ки тайи 20 рӯзи ахир кормандони Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд аз гардиши ғайриқонунӣ 180 кило маводи мухаддирро мусодира карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.