Гунаҳкори қатли хеши президент ба 26 соли зиндон маҳкум шуд

Суди олии Тоҷикистон Диловаршо Қосимовро ба қатли хеши президент, директори КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор» Холмӯъмин Сафрови 57-сола гунаҳкор дониста, ба 26 соли зиндон маҳкум намуд. Бародарон Маҳмадтоҳир ва Маҳмадфозил Ҳакимовҳо низ барои огоҳ накардан дар бораи куштор мутаносибан 8 ва 3 соли зиндон маҳкум шуданд. Мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи қатли Холмӯъмин Сафаров, […]

ASIA-Plus


Суди олии Тоҷикистон Диловаршо Қосимовро ба қатли хеши президент, директори КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор» Холмӯъмин Сафрови 57-сола гунаҳкор дониста, ба 26 соли зиндон маҳкум намуд.

Бародарон Маҳмадтоҳир ва Маҳмадфозил Ҳакимовҳо низ барои огоҳ накардан дар бораи куштор мутаносибан 8 ва 3 соли зиндон маҳкум шуданд.

Мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи қатли Холмӯъмин Сафаров, ки ба он муҳри махфӣ дода шуд, аз 24 декабри соли гузашта пушти дарҳои пӯшида дар тавқифгоҳи муваққатии Вазорати адлияи ҶТ оғоз гардида буд.

Айбдоркунандаи давлатӣ аз суд дархост намуд, ки гумонбаршуда Диловаршо Қосимов мутобиқи тамоми моддаҳои пешниҳодшуда – куштор, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа ва серзанӣ гунаҳкор эътироф гардида, ба муддати 27 соли зиндон маҳкум карда шавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Шуҳрат Қудратов, ҳимоятгари Д.Қосимов хабар дод, зерҳимояи ӯ худро танҳо дар серзанӣ гунаҳкор эътироф намуда, бо дархости айбдоркунандаи давлатӣ ӯ бояд дар ҳаҷми 1,5 ҳазор нишондиҳандаи ҳисоб ҷаримабандӣ шавад.

«Ман ба ақидаи айбдоркунандаи давлатӣ розӣ нестам, зеро дар парвандаи ҷиноӣ далелҳои аз ҷониби зерҳимояи ман ба қатл расонидани Холмӯъмин Сафаров мавҷуд нестанд ва тамоми айб бар асоси тахмину гумонҳо асос ёфтааст», – гуфт Қудратов.

Ҳимоятгар таъкид кард, ки баёноти зерҳимояаш зимни тафтишоти пешакӣ дар бораи иқрори гуноҳ зери фишор ва шиканҷа гирифта шудааст. «Пас аз ба ҳимоя пардохтани Қосимов аз ҷониби ман, ӯ аз баёноти пешина даст кашида, изҳор кард, ки онҳо зери фишори тафтишот гирифта шудаанд», – зикр кард ҳимоятгар.

Ба гуфтаи ҳимоятгар, ояндаи наздик ӯ аз болои ин ҳалномаи суд ба зинаи болоӣ шикоят хоҳад бурд.

Ёдрас мекунем, ки шавҳари хоҳари президенти Тоҷикистон – директори КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зист Холмӯъмин Сафарови 57-сола рӯзи 13-уми июни соли равон каме дуртар аз манзили зисташ бо истифода аз силоҳи оташфишон ба қатл расонида шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.