Тавсияи Маркази исломӣ бобати худдории ВАО аз фатво

Маркази исломии Тоҷикистон ба мақомоти раҳбарии расонаҳои хабарӣ ва кормандони Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҶТ тавсия дод, ки аз содир намудани фатво тариқи матбуот худдорӣ варзанд. Дар муроҷиатномаи пахшшудаи Маркази мазкур дар ин робита зикр мегардад, ки ҳалли масъалаҳои шаръӣ масъулияти Шӯрои уламои Маркази исломӣ мебошад ва ҳар фарди мусалмон ва ҳар сокини Тоҷикистон […]

Меҳрангез Турсунзода


Маркази исломии Тоҷикистон ба мақомоти раҳбарии расонаҳои хабарӣ ва кормандони Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҶТ тавсия дод, ки аз содир намудани фатво тариқи матбуот худдорӣ варзанд.

Дар муроҷиатномаи пахшшудаи Маркази мазкур дар ин робита зикр мегардад, ки ҳалли масъалаҳои шаръӣ масъулияти Шӯрои уламои Маркази исломӣ мебошад ва ҳар фарди мусалмон ва ҳар сокини Тоҷикистон метавонанд озодона ба ин Марказ муроҷиат карда, эҳтиёҷоти маънавӣ ва масоили ҳалталаби мазҳабияшонро бароварда созанд.

«Дар Тоҷикистон Маркази исломӣ амал карда, Донишгоҳи исломии кишвар мутахассисони соҳаи динро омода мекунад ва аз ин рӯ, барои аз ҷониби шахсони алоҳида содир шудани фатво зарурате боқӣ намемонад. Ҳамчунин дар Оинномаи Маркази исломӣ гуфта мешавад, танҳо Шӯрои уламо ҳуқуқи додани фатвоҳои шаръиро дорад, ки риояи онҳо барои тамоми мусалмонони Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад», – зикр мегардад дар муроҷиатнома.

Дар идома баён мегардад, ки давлатӣ демократӣ барои ибрози озодонаи андеша ба ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ фароҳам овардааст, аммо ҳар гуна озодӣ меъёру ҳадду ҳудуди муайян дорад ва набояд дар он зиёдаравӣ кард ё аз озодии афкор суистифода намуд.

«Тасаввур кардан мушкил аст, ки агар ҳар гурӯҳе мувофиқ ба табъу завқ ва манофеи гурӯҳи хеш ин ё он масоили мазҳабиро шарҳ дода, ҳукм содир кунад, он гоҳ бо ҷомеаи муслимин дар маҷмӯъ чи ҳаводисе рух хоҳад дод?», – омадааст дар муроҷиатнома.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.