Тағйироти ҲНИТ ба қонуни интихоботи президент рад шуд

Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров тағйироти пешниҳодшуда аз ҷониби Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба қонун «Дар бораи интихоботи президенти Тоҷикистон» рад карда шуд. Ин тағйирот аз ҷониби намояндагони ҲНИТ дар палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ пешниҳод шуда буданд. Дар […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров тағйироти пешниҳодшуда аз ҷониби Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба қонун «Дар бораи интихоботи президенти Тоҷикистон» рад карда шуд.

Ин тағйирот аз ҷониби намояндагони ҲНИТ дар палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ пешниҳод шуда буданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Маҷлиси намяондагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта муовини раиси Кумитаи парлумонӣ оид ба  сохтмони давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Галия Рабиева иттилоъ дода буд, ки кумитаи дахлдор пешниҳоди рад шудани лоиҳаи қонунро, ки бар асоси хулосаи тамоми кумитаҳо, ҳукумат ва ташхиси ҳуқуқии шуъбаи ҳуқуқии дастгоҳи Маҷлиси намояндагон таҳия шуд, ба баррасии Шӯрои Маҷлиси намояндагон ирсол намуд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан Г. Рабиева аз он изҳори тааҷҷуб карда буд, ки атрофи ин масъала васоити ахбори умум ҳангомаи зиёд ва ҳамчунин аҳзоби сиёсӣ «сарусадои ба ҳеҷ кас нолозим»-ро барпо намудаанд.

«Тағйироти пешниҳодшуда ба ҳимояи манфиатҳои аҳзобе, ки шумори аъзояшони каму начандон ҷонибдори зиёде доранд, равона гардида, муаллифони лоиҳа бештар ба ҷиҳати техникии масъала таваҷҷуҳ кардаанд», – гуфта буд вай.

Вакили парлумон ҳамчунин иброз дошта буд, ки масъалаи мушкилоти зиёд эҷод сохтани ин тағйирот дар маъракаи интихоботиро муаллифони лоиҳа нодида мегиранд. «Масалан, суоле ба миён меояд, ки оё ҳамаи аҳзоби сиёсӣ намояндагони шоиставу босаводи худ дар ҳавзаҳои интихоботиро таъмин карда метавонанд? Зеро шумори онҳо дар давраи интихобот ҳудуди 4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад», – зикр карда буд вакили парлумон.

Дар ҳамин ҳол, чанде қабл дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» вакили парлумон, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов эҳтимоли аз ҷониби коммунистон дастгирӣ шудани ин лоиҳаро изҳор карда буд.    

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.