М.Кабирӣ: Дар сурати шаффофии интихобот, дар даври аввал касе намегузарад

Ахири ҳафтаи гузашта зимни мулоқот бо ҷавонон дар дафтари кории ҲНИТ дар пойтахт раиси ҳизб Муҳиддини Кабирӣ иброз дошт, ки дар сурати шаффоф сурат гирифтани интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон тирамоҳи соли равон, дар даври аввал касе намегузарад. Бино ба маълумот аз қароргоҳи марказии ҲНИТ, М.Кабирӣ зикр кардааст, ки ХНИТ дар маъракаи интихоботи президент ширкат хоҳад […]

ASIA-Plus


Ахири ҳафтаи гузашта зимни мулоқот бо ҷавонон дар дафтари кории ҲНИТ дар пойтахт раиси ҳизб Муҳиддини Кабирӣ иброз дошт, ки дар сурати шаффоф сурат гирифтани интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон тирамоҳи соли равон, дар даври аввал касе намегузарад.

Бино ба маълумот аз қароргоҳи марказии ҲНИТ, М.Кабирӣ зикр кардааст, ки ХНИТ дар маъракаи интихоботи президент ширкат хоҳад варзид, вале номзадро танҳо анҷумани ҳизб, ки моҳҳои август ё  сентябр баргузор мешавад, муайян мекунад. «Номзад метавонад аз ҲНИТ ё ҳизби дигар ва ҳатто шахси беҳизбӣ бошад», – гуфтааст ӯ.

Ба қавли раиси ҲНИТ, дар шабакаҳо ва гоҳе дар матбуот ҳам баъзан дар бораи ӯ муболиғаҳо чоп мешаванд, ҳол он ки нафарони хеле зиёд ҳастанд, ки аз ӯ дар чанд ҷиҳат афзалтаранд. «Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ, дар фаҳмиши масоили энергетикӣ ва саноатӣ аз ман хеле хубтар аст, Президент Эмомалӣ Раҳмон дар бахши мудирияти кишвар таҷрибаҳои зиёд дорад ва ё ман эътироф дорам, ки Раҳматилло Зойиров аз ҷиҳати дониши ҳуқуқӣ аз ман хеле зиёдтар медонад», – изҳор доштааст М.Кабирӣ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.