Таъсиси корхонаи муштараки бофандагии Тоҷикистону Чин

Чанде қабл зимни мулоқоти вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ бо сафири Чин дар Тоҷикистон ҷаноби Фан Сян Жун масъалаи бо ҷалби сармоягузории чинӣ таъсис додани корхонаи муштараки бофандагии Тоҷикистону Чин баррасӣ шуданд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи саноати сабук, аз ҷумла […]

ASIA-Plus


Чанде қабл зимни мулоқоти вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ бо сафири Чин дар Тоҷикистон ҷаноби Фан Сян Жун масъалаи бо ҷалби сармоягузории чинӣ таъсис додани корхонаи муштараки бофандагии Тоҷикистону Чин баррасӣ шуданд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи саноати сабук, аз ҷумла коркарди пахта то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва имконияти бунёди як корхонаи нав дар шаҳри Душанбе бо истифодаи технологияи ҳозиразамон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки дар Тоҷикистон барои рушди саноати сабук ва таъсиси корхонаи муштараки бофандагӣ  шароитҳои мусоид, аз ҷумла фазои мусоиди сармоягузорӣ, дастрас будани ашёи хом, бахусус нахи пахта, қувваи арзони корӣ, нерӯи барқ ва ҳамчунин захираи кофии ашёи хом фароҳам оварда шуда, баҳри ҳимояи сармоягузорон заминаи дахлдори қонунгузорӣ мавҷуд аст.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 417 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шуда, аз он беш аз 134 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол шуд. Дар корхонаҳои коркарди нахи пахтаи кишвар аз ин миқдор зиёда аз 10,2 ҳазор тонна нахи пахта коркард шудааст, ки ҳамагӣ 7,7% аз ҳаҷми умумии маҳсулотро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.