Сиёсатмадорон: Изҳороти Каримовро амали воқеӣ мебояд

Date:


Дар робита ба изҳороти президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов дар ҷаласаи ҳукумат оид ба роҳандозии муносиботи ҳусни тафоҳум ва ҳалли мусолиматомези мухолифатҳо бо кишварҳои ҳамҷавор бидуни кишварҳои миёнарав, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, намояндаи мардумӣ Шодӣ Шабдолов иброз дошт, ки аз ин изҳорот метавон танҳо истиқбол намуд.

Ба қавли вай, ҳалли мушкилоти мавҷуда сари мизи гуфтушунид ва бидуни миёнаравон барои ҳамаи кишварҳои минтақа зарур аст ва Ислом Каримовро бо дастааш ба сифати иродаи нек дар навбати аввал мебояд ба барқарор кардани низоми ягонаи энергетикии минтақа, аз мина безарар гардонидани марзҳо, бартараф кардани монеъаҳо дар самти ҳамлу нақли молу коло, равуои мардум ва бекор кардани раводид миёни кишварҳо иқдом варзад.

«Танҳо ҳамгиройии кишварҳои пасошӯравӣ ва пеш аз ҳама, ҳамгиройии иқтисодӣ ба ҳалли мушкилоти рушди иқтисодӣ имкон фароҳам месозад», – гуфт вай.

Ба андешаи вакили дигари парлумон, раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, изҳороти президенти Ӯзбекистон бештар ба аз дӯши худ канор гузоштани масъулият барои вазъи мавҷуда дар минтақа шабоҳат дорад.

«Агар Ислом Каримов самимӣ сухан гуфта бошад, пас бигзор онро бо амали воқеӣ исбот кунад, яъне марзҳоро аз мина пок созад, реҷаи раводидро бекор намояд, монеъаҳо дар самти ҳамлу нақли коло миёни кишварҳоро бартараф кунад», – гуфт ӯ.

Дар идома М.Кабирӣ зикр кард, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ нофаҳмӣ танҳо миёни сарони кишварҳо вуҷуд дорад ва агар онҳо ба созиш бирасанд, ҳеҷ мушкилоте боқӣ намемонад.

Дар ҷаласаи зикршудаи ҳукумати Ӯзбекистон Ислом Каримов гуфтааст, дар минтақа «мушовирону миёнаравҳое» ҳастанд, ки мехоҳанд ӯзбеку тоҷику қирғизҳоро байни ҳам ба муноқиша бикашанд.

Ба навиштаи хабаргузориҳои Ӯзбекистон, ӯ таъкид кардааст, ки мушкилоти мавҷуда миёни Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон танҳо марбути ин кишварҳост. «Баъзеҳо  мехоҳанд мухолифати точикон, қирғизҳо ва ӯзбекҳоро шиддат бахшанд ва ин гуна «мушовирони таҳмилӣ (диверсант)» хеле зиёданд», – гуфтааст вай.

Ӯ инчунин таъкид кардааст, ки  «кори миёнаравҳо оштӣ додани точирон дар бозор аст, аммо дар сиёсат ин миёнаравҳо пеш аз ҳама манфиатҳои худро меҷӯянд».  Ба эътиқоди Ислом Каримов, ҳадафи маслиҳатгару миёнаравҳо – «коштани тухми адоват миёни мо ва наззораи он аст, ки мо дар ин бесарусомонӣ саргарми  ҳалли мушкили худ мешавем, аз рушд бозмемонем ва ба Ӯзбекистон, Қирғизистон ё Тоҷикистон ва дар мачмӯъ ба Осиёи Марказӣ сармоя ворид намешавад». 

Ислом Каримов таъкид кардааст, ки Ӯзбекистон ба истиқлол ва якпорчагии ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ чун ба истиқлолу якпорчагии худ арҷ мегузорад. Дар поёни суханронӣ  сарвари Ӯзбекистон гуфтааст, ки «мо дар ин минтақа бо тоҷикон, қирғизҳо ва қазоқҳо ҳазорсолаҳо якчоя зиндагӣ кардаем ва ягон нерӯ моро аз ҳам чудо карда наметавонад».

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Таблиғот ва рӯҳияи бегонаситезӣ”. Омили муассири куштори Қобилҷон Алиев дар Русия чӣ аст?

Коршиносон бар ин назаранд, ки ҷиноятҳои мудҳиш дар заминаи...

Юсуфшо Яъқубов: Ҷойи Раҳим Масов холӣ аст

Чанд сол аст, бархе фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод доранд,...

Оё оташбас поёни ҷанг аст? Сабақҳо аз ҷанги Исроил бо Эрон

Даргирие, ки 13-уми июн бо ҳуҷуми ногаҳонии Исроил ба...

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ дар адабиёти сурхи коммунистӣ

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст....