Зимни нишасти хабарӣ раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Шарифхон Самиев изҳор кард, ки низоми гармидиҳии шаҳр дар ҳоли беҳад хароб қарор дошта, ҳоло боз муддати 10 соли дигар ҳам аз дубора мавриди истифода қарор доданаш умедвор шудан ба гумон аст.
Ба қавли вай, ҳукумати шаҳр барои сохтмони Маркази барқу гармидиҳӣ имкон надорад. «Низоми гармидиҳии шаҳри Қӯрғонтеппа солҳои тӯлонӣ кор намекард ва аз ин рӯ, тамоми қубурҳо занг зада, ба онҳо об равона кардан ғайриимкон аст», – гуфт ӯ.
Раиси шаҳр изҳори умедворӣ намуд, ки бо бекор шудани лимити барқ дар кишвар, мушкилоти таъминоти сокинони маркази маъмурии вилояти Хатлон бо гармиву оби гарм ҳал мешавад.
«Мушкили дигари барқарор намудани низоми гармидиҳии шаҳр дар он аст, ки конҳои ангишт аз шаҳри Қӯрғонтеппа хеле дур ҷойгир шудаанд ва кашонидани он тавассути нақлиёт хеле гарон меафтад. Бинобар ин, мо алҳол роҳи мушаххаси ҳалли ин масъаларо надорем», – афзуд номбурда.


