Боздошти 6 тан аз ҷонибдорони ҲИӮ дар ҷануби ҷумҳурӣ

Date:


Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон 6 тан аз ҷонибдорони Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ)-ро боздошт намуданд.

Раиси ноҳияи Қубодиён Абдумӯмин Улфатов зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор намуд, ки тайи ду моҳи ахир кормандони мақомоти интизомии вилояту ноҳия шаш сокини деҳаи Қизил Нишони ҷамоати Янгийӯли ноҳияро ба гумони узвият дар ҲИӮ дастгир кардаанд.

«Ба хотири халал ворид насохтан ба ҷараёни тафтишот, мо алҳол ному насаби онҳоро ифшо карда наметавонем ва бо итмоми тафтишот, тамоми маълумоти зарурӣ ба ВАО пешниҳод хоҳад шуд», – иброз дошт вай.

Ба қавли раиси ноҳия,  соли гузашта низ 5 нафар сокинони ҳамин деҳа ба гумони узвият дар ҲИӮ боздошт шуда маҳкум гардида буданд ва аз ин рӯ, як гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, бо аҳолии деҳаи мазкур корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.

А. Улфатов мегӯяд, аслан инҳо ҷавононе мебошанд, ки дар Русия ба доми фиреб афтода, сипас барои таълим ба курсҳои махсуси омодагии ҷангӣ ба кишварҳои хориҷӣ дур сафарбар карда мешаванд. «Айни замон вазъ таҳти назорати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дорад», – итминон дод раиси ноҳия.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...