Зимни нишасти матбуотӣ вазири нақлиёти Тоҷикистон Низом Ҳакимов изҳор намуд, ки соли 2012 дар Тоҷикистон тавассути ҳама гуна навъҳои нақлиёт каме бештар аз 18 млн. тонна бор ҳамлу нақл шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011 қариб 3% камтар мебошад.
«Соли гузашта ҳаҷми боркашонӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ ва ҳавоӣ мутаносибан ба андозаи 16,5 ва 5% афзуда, тариқи роҳи оҳан 9,2% коҳиш ёфт», – таъкид дошт вазири нақлиёт.
Дар Вазорати нақлиёт сабаби коҳиши ҳаҷми боркашонӣ дар соли гузаштаро ба аз ҷониби Ӯзбекистон баста шудани ҳаракати қатораҳо ба минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ аз 16-уми ноябри соли 2011 нисбат медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Вазорати нақлиёт, соли 2012 ҳаҷми ҳамлу нақли мусофирон ба миқдори 2,6% афзуда, шумори умумии мусофирони аз хизматгузорӣ баҳраваршуда ҳудуди 170 млн. нафарро ташкил додааст.
Соли гузашта фурудгоҳҳои байнулмилалии кишвар (Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа) дар маҷмӯъ ба беш аз 2,2 млн. нафар мусофирон хизматгузорӣ кардаанд.


