Ҳалли тақдири кони нуқраи Конимансури Калон дар соли равон

Тақдири бузургтарин кони нуқраи Тоҷикистон Конимансури Калон бояд соли равон ҳал гардад. Тавре дар нишасти хабарӣ раҳбари Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ  Давлаталӣ Саидов гуфт, лоиҳаи коркарди «Конимансури Калон» барои Тоҷикистон аз ҷиҳати стратегӣ муҳим буда, аз ин рӯ, муҳлат ва интихоби сармоягузор барои азхудкунии кон тӯл кашид. «Бо татбиқи ин лоиҳа иқтисоди […]

Заррина Эргашева


Тақдири бузургтарин кони нуқраи Тоҷикистон Конимансури Калон бояд соли равон ҳал гардад.

Тавре дар нишасти хабарӣ раҳбари Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ  Давлаталӣ Саидов гуфт, лоиҳаи коркарди «Конимансури Калон» барои Тоҷикистон аз ҷиҳати стратегӣ муҳим буда, аз ин рӯ, муҳлат ва интихоби сармоягузор барои азхудкунии кон тӯл кашид.

«Бо татбиқи ин лоиҳа иқтисоди Тоҷикистон рушд ёфта, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ метавонад якчанд маротиба афзояд. «Лоиҳа хеле мушкил буда, барои амалисозии он аз 3,5 то 4 млрд доллари ИМА маблағ зарур аст», – гуфт вай.

Довталаби коркарди кон консорсиуми иборат аз чор ширкат – «Казцинк»-и Қазоқистон, Glencore International (Швейтсария), «Конимансур» (Қазоқистон) ва ҶСК «Адрасмон» (Тоҷикистон) мебошад.

Қаблан ба ин рӯйхат ширкати голландӣ ва ду ширкати чинӣ,  ки дар ҷахон аз рӯи истихроҷи маъдан, тило ва никел бузургтарин ба ҳисоб мераванд, шомил буданд. Аммо ин ширкатҳо бо сабабҳои мухталиф аз иштирок дар тендер даст кашиданд. Яке аз сабабҳо – маблағгузории лоиҳа буда, барои азхудкунии кон тахминан 30-40 сол лозим аст.

«Конимансури Калон» – кон воқеъ дар шимоли Тоҷикистон, дар вилояти Суғд, яке аз калонтарин конҳои нуқра дар дунё ба ҳисоб меравад. Кони мазкур дар солҳои 70-80-уми асри XX тадқиқ карда шудааст. Захираҳои кон тақрибан 1 млрд. тонн маъданро бо таркиби нуқра 49 г дар 1 тонна, сурб – 0,49 % дар 1 тонна ва руҳ – 0,38% дар 1 тоннаро ташкил медиҳад. Захираҳои умумии нуқраи Конимансури Калон зиёда аз 50000 тонна мебошад.

Корпоратсияи байнулмилалии молимявӣ (IFC), узви гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ба сифати мушовирон дар ин лоиҳа ҳузур дошта, ташхиси техникӣ аз ҷониби ширкати байнулмилалии Micon Int гузаронида шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.