Таҷҳизоти арзишаш 2 млн. евро барои шабакаи телевизионии форсизабонон, ки аз Эрон оварда шудааст, муддати беш аз чаҳор моҳ аст, ки дар анбори терминали гумруки шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад.
Чун ҷониби Эрон асноди тасдиқкунандаи пардохт нашудани боҷи гумрукӣ барои ин таҷҳизотро надорад, Хадамоти гумрук пардохти боҷ дар ҳаҷми 400 ҳазор доллари ИМА-ро талаб дорад.
Дар ин робита сардори департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон Давлат Назриев иброз дошт, ки замоне дар сатҳи сарони кишварҳо оид ба таъсиси шабакаи телевизиони форсизабонон асноди сиёсӣ қабул шуданд, вале ҷониби Эрон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи зикршударо надорад. «Мо ба ҳукумат дар ин хусус мактуб фиристода, посух гирифтем, ки масъалаи имкони аз пардохти боҷи содиротӣ озод кардани ин таҷҳизот мавриди баррасӣ қарор дода шавад», – гуфт ӯ.
Қаблан дар сафорати Эрон дар Тоҷикистон дар ин робита изҳор дошта буданд, ки дар асоси созишномаҳои байниҳукуматӣ таҷҳизоти мазкур бояд аз пардохти боҷи гумрукӣ озод бошад. Дар сафорати Эрон ҳамчунин гуфта буданд, қаблан як қисмати таҷҳизоти шабакаи телевизионӣ ба Душанбе интиқол дода шуда буд, вале он замон дар бораи пардохти боҷи гумрукӣ сухан намерафт. Ин нуктаро моҳи январи соли 2012 раиси Кумитаи радиову телевизиони ҷумҳурӣ Асадулло Раҳмонов низ тасдиқ намуда буд.
«Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ҳалли мусбати масъаларо ба мо ваъда кард, вале агар ин мушкилот базудӣ ҳал нагардад, мо маҷбур мешавем, ки онро ба Эрон баргардонем. Ин таҷҳизоти муосири телевизионии истеҳсоли Олмон аст», – иброз дошта буданд дар сафорат.
Сухангӯи Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Абдураҳим Умариён дар робита ба масъалаи воридоти таҷҳизот барои шабакаи телевизионии форсизабонон, ки аз Эрон оварда шудааст, изҳор кард, ки он дар анбори терминали гумруки шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад.
Ба қавли ӯ, то ҳанӯз ба Хадамоти гумрук асноди зарурӣ барои пардохти боҷи гумрукӣ ба ин таҷҳизот пешниҳод нашудаанд. «Агар таҷҳизот бевосита барои сафорати Эрон дар Тоҷикистон таъин шуда бошад, он аз пардохти боҷи гумрукӣ озод аст, вале агар он аз ҷониби сафорат истифода нагардад, пас пардохти боҷи гумрукӣ сарфи назар аз маблағи таҷҳизот ҳатмӣ аст», – гуфт вай.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти қаблии хабаргузории REGNUM, дар ин масъала Тоҷикистону Эрон талаботи Афғонистонро сарфи назар кардаанд. Афғонистон то ҳанӯз исрор меварзад, ки шабакаи телевизионӣ бояд бо забни пашту низ барномаҳо пахш намояд, зеро қисмати аксари аҳолии ин кишвар бо забони пашту гуфтугӯ мекунанд. Ҳамчунин масъалаи сарулибоси шореҳони шабака низ мавриди ихтилофи назари ҷонибҳо қарор дорад. Дар шабакаҳои телевизионии Эрону Афғонистон намоиши занон бидуни ҳиҷоб манъ аст.
Ёдрас мекунем, ки моҳи июли соли 2006 зимни мулоқоти сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон дар Теҳрон оид ба таъсиси шабакаи телевизионии муштараки форсизабонон мувофиқа ҳосил шуд. Моҳи марти соли 2008 дар ҷараёни вохӯрии сеҷонибаи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон дар Душанбе дар бораи таъсиси шабакаи телевизионии муштараки се кишвари форсизабон низ чунин тасмим гирифта шуд. Ҳамчунин қарор шуда буд, ки студияи марказии шабакаи телевизионӣ дар шаҳри Душанбе ҷойгир хоҳад шуд.


