Тоҷикистон: Гузаштан ба хати арабӣ ногузир аст

Зимни нишасти хабарӣ мудири бахши ташхиси лингвистии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҶТ Муҳаммад Муродов дар робита ба гузаштан аз имлои кириллӣ ба ҳуруфи форсӣ ё худ арабиасос изҳор намуд, ки ин амр дер ё зуд ногузир хоҳад буд. Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ӯ гуфт, бо хати кириллӣ ифода намудани тамоми нозукиҳои […]


Зимни нишасти хабарӣ мудири бахши ташхиси лингвистии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҶТ Муҳаммад Муродов дар робита ба гузаштан аз имлои кириллӣ ба ҳуруфи форсӣ ё худ арабиасос изҳор намуд, ки ин амр дер ё зуд ногузир хоҳад буд.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ӯ гуфт, бо хати кириллӣ ифода намудани тамоми нозукиҳои забони тоҷикӣ ғайриимкон буда, аз ин рӯ, солҳост, ки оид ба дурустии имло баҳсҳо идома дошта, ҳатто якчанд маротиба ба имлои забони тоҷикӣ тағйирот ворид шуд.

Ба қавли вай, гузаштан ба ҳуруфи форсӣ ҳатмӣ аст, вале он танҳо тавассути афзоиши соатҳои дарсии омӯзиши алифбои ниёгон дар макотиби таҳсилоти умумиву олӣ имконпазир мебошад. «Соатҳои дарсии омӯзиши хати арабӣ тадриҷан бояд аз соатҳои дарсии омӯзиши забони модарӣ бо хати кириллӣ зиёд шаванд ва дар ин сурат, гузаштан ба хати арабӣ осонтар шуда, он ҳатто ба таври автоматӣ ҷараён мегирад», – шарҳ дод Муродов.

Ба андешаи ӯ, дар сурати акс аксари кулли асарҳои классикони адабиёти форсу тоҷик барои мардуми одӣ нофаҳмо ва масъалаи имло абадан ҳалношуда боқӣ хоҳанд монд.

Дар ҳамин ҳол, чанде қабл зимни нишасти хабарӣ вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саидов изҳор намуд, ки дар Тоҷикистон барои гузаштан ба дигар хат

ҳеҷ зарурате нест.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.