Таваҷҷуҳи ширкатҳои туркӣ ба коркарди мармари Тоҷикистон

Ахири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Афиони Туркия вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Туркия Фаррух Шарипов бо роҳбарони ширкатҳои коркард ва истеҳсоли мармар «Karamehmet», «Yuksel Mermer» ва Ассотсиатсияи саноатчиён ва соҳибкорони озоди Афион «Husriad» баргузор гардид. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Дар рафти мулоқот масоили ҳамкорӣ бо корхонаҳои мазкур, инчунин таъсиси корхонаи коркард ва истеҳсоли […]


Ахири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Афиони Туркия вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Туркия Фаррух Шарипов бо роҳбарони ширкатҳои коркард ва истеҳсоли мармар «Karamehmet», «Yuksel Mermer» ва Ассотсиатсияи саноатчиён ва соҳибкорони озоди Афион «Husriad» баргузор гардид.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Дар рафти мулоқот масоили ҳамкорӣ бо корхонаҳои мазкур, инчунин таъсиси корхонаи коркард ва истеҳсоли мармар дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ҳамчунин аз корхонаҳои коркард ва истеҳсоли мармар боздид ба амал оварда шуд.

Ба иттилои манбаъ, Роҳбарони ширкатҳои мазкур тасмим гирифтанд, ки дар соли ҷорӣ ҷиҳати омӯзиш ва кушодани корхонаи коркард ва истеҳсоли мармар ба Тоҷикистон сафар хоҳанд кард.

Қобили қайд аст, ки дар шаҳри Афион 700 корхонаи коркард ва истеҳосоли мармар фаъолият мекунанд. Ҳаҷми содироти мармар аз Туркия 2 миллиард доллари ИМА-ро ташкил мекунад, ки аз он 700 миллион доллари ШМА ба шаҳри Афион рост меояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.