Зимни нишасти хабарӣ мудири бахши ташхиси лингвистии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҶТ Муҳаммад Муродов дар робита ба гузаштан аз имлои кириллӣ ба ҳуруфи форсӣ ё худ арабиасос изҳор намуд, ки ин амр дер ё зуд ногузир хоҳад буд.
Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ӯ гуфт, бо хати кириллӣ ифода намудани тамоми нозукиҳои забони тоҷикӣ ғайриимкон буда, аз ин рӯ, солҳост, ки оид ба дурустии имло баҳсҳо идома дошта, ҳатто якчанд маротиба ба имлои забони тоҷикӣ тағйирот ворид шуд.
Ба қавли вай, гузаштан ба ҳуруфи форсӣ ҳатмӣ аст, вале он танҳо тавассути афзоиши соатҳои дарсии омӯзиши алифбои ниёгон дар макотиби таҳсилоти умумиву олӣ имконпазир мебошад. «Соатҳои дарсии омӯзиши хати арабӣ тадриҷан бояд аз соатҳои дарсии омӯзиши забони модарӣ бо хати кириллӣ зиёд шаванд ва дар ин сурат, гузаштан ба хати арабӣ осонтар шуда, он ҳатто ба таври автоматӣ ҷараён мегирад», – шарҳ дод Муродов.
Ба андешаи ӯ, дар сурати акс аксари кулли асарҳои классикони адабиёти форсу тоҷик барои мардуми одӣ нофаҳмо ва масъалаи имло абадан ҳалношуда боқӣ хоҳанд монд.
Дар ҳамин ҳол, чанде қабл зимни нишасти хабарӣ вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саидов изҳор намуд, ки дар Тоҷикистон барои гузаштан ба дигар хат
ҳеҷ зарурате нест.


