Раҳимзода: Коҳиши сатҳи камбизоатӣ устувор аст

Date:


Сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон то 38,3% коҳиш ёфт.

Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Шариф Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор намуд, ки давлат баҳри аз байн бурдани мафҳуми «қишри камбизоати аҳолӣ» ва пайдо шудани ҳарчи бештар қишри аҳолии дорои даромади миёна тадбирҳо хоҳад андешид.

«Мо бояд муайян созем, ки қишри миёна чӣ гуна аст. Дар Қазоқистон шахси дорои маълумот, манзил, автомашина, суратҳисоби депозитӣ дар бонк ва имкони сафар ба хориҷа як маротиба дар як сол барои истироҳатро ба синфи миёна шомил месозанд, вале дар Тоҷикистон то ҳанӯз ин нишондиҳанда мушаххас нест», – гуфт вай.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, сатҳи камбизоатӣ дар кишвар сол то сол коҳиш меёбад: соли 2008 ин нишондиҳанда – 50%, соли 2009 – 46,7%, соли 2010 – 45%, соли 2011 – 41% ва соли 2012 – 38,3%-ро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи вазир, дар натиҷаи амалисозии ду барномаи стратегии давлатӣ оид ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ, дар кишвар коҳиши усутвори сатҳи камбизоатӣ ба мушоҳида мерасад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...